Рӯзи гузашта дар арафаи баргузории ҷашни 25 солагии Иҷлосияи XVI  Шӯрои Олӣ ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷиикистон раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар бо раиси ташкилоти ибтидоии кумитаи маҳаллаи «Сари Баландӣ» Сангин Ҷӯраев мулоқот доир намуд.

Дар мулоқот раиси кумиҷроия пеш аз ҳама кормандони кумитаи маҳаларо бо фарорасии ҷашнҳои бузург – 25-солагии Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику муборакбод намуд.

Инчунин, раиси кумиҷроия дар идомаи суханронии худ аз фаъолияти муштараки кумиҷроияи шаҳрӣ ва ташкилоти ибтидоӣ бобати баргузории чорабиниҳои мухталиф изҳори қаноатмандӣ намуда, дар ин росто аз аҳли нишаст даъват ба амал овард, ки дар пиёда намудани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими расму оинҳо» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва фаҳмондадиҳии дастовардҳои замони Истиқлолият дар байни аҳолии маҳалла фаъол бошанд.