Дар  асоси нақшаи кори шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд санаи 29.07.2019 бо занони фаъоли ҳизбӣ  муколама дар мавзӯи “Рисолати созандагии бонувони ҳизбӣ бо иқдомҳои наву муосир” баргузор  гардид.

Мудири шуъбаи кор бо занони кумиҷроия Заррина Манонова ба мулоқот ҳусни оғоз бахшида, дар бораи нақш ва мақоми зан дар пешбурди ҳаёти сиёсӣ ва маънавии кишвар сухан ронд. Пас аз ифтитоҳи мулоқот сухан ба муовини раиси собиқадорон Ӯғулой Умаралиева дода шуд.

          Зимни суханронӣ Ӯғулой Умаралиева таъкид доштанд, ки дар суботи сиёсӣ, пешравии занон дар ҳама соҳаҳо нақши ҲХДТ чун ҳизби созанда ва раҳнамо муассир аст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чун сарвари муаззами ҳизб ҳамеша тақозо доранд, ки дар сафҳои ҳизб ҷавонони соҳибназару дурандеш, занони оқилаву доно бештар бошанд. Зеро ҷомеа дар ҳама давру замон ниёз ба ислоҳот дорад. Якмаромӣ, қолабҳои кӯҳнашуда натанҳо иқтисодиётро коҳиш медиҳад, балки маънавиётро ба қафо мепартояд.  Моён, занон ҳизбиён Роҳбару Пешвои миллати худро азизу муқаддас медорем, дар ҳама соҳаҳо дистгиру мутаккояшон мебошем.

Зарур аст, ки дар омодасозии кадрҳои соҳибтахассус аз ҳисоби занон диққати махсус дода шавад, то онҳо дар сиёсати давлатӣ, баробари ҳуқуқу манофеи занон аз минбарҳои баланд дифоъ карда тавонанд.

Дар идомаи мулоқот ҳамаи иштирокчиён фикру ақидаи худро бобати густариши фаъолият пешниҳод намуданд.