Муаллим, омузгор — вожаҳое, ки барои фарзанди инсон ошною муқаддас. Зери ин калимаҳои бузург омӯзандаи илму дониш, фарҳангу адаб таҷассум меёбад. Муаллим шахси барӯмандест, ки аз хурдӣ инсонро илму адаб омӯхта, уро ба воя мерасонад. Ӯ бузургшахсест, ки дар баробари волидони мунису ғамхор касро олами маънӣ меомузонад.  Муаллимро оинаи халқ мегӯянд. Оинае, ки ба он нигариста, камбудиву нуқсонҳоро бартараф мекунанд. Яъне омӯзгор ибратомӯзест, ки ҳар калому ҳар нигоҳу ҳар қадамаш саропо ибрати соҳибдилон аст.

Ҳамасола ҳафтаи аввали моҳи октябр дар саросари кишвар иди омӯзгор ҷашн гирифта мешавад.

Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломӣ ҷиҳати ҳавасманд намудани аъзоёни фаъоли ҳизб, ки дар Гимназияи №4-и шаҳри Хуҷанд кору фаъолият мебаранд, дар чорабинии тантанавӣ бахшида ба рӯзи омӯзгор, ширкат варзида, ҳамаи омӯзгоронро ба ифтихори иди касбиашон табрику муборакбод намуд ва ба якчанд омӯзгорон, аъзоёни фаъоли ҲХДТ медали ҷашнии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ва Ифтихорномаву Сипосномаҳои кумиҷроияи шаҳриро тақдим намуд.

         Идатон муборак омӯзгорони азиз.