Дар остонаи Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ва ташкилоти ҷамъиятии ҷавонони «Созандагони Ватан» ва аъзоёни фаъоли ин ташкилот дар коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд   меҳмони мактаб-кӯдакистони махсус барои кӯдакони қувваи босириашон суст ва нобиноёни шаҳри Хуҷанд гардиданд. 

Маликисломӣ Наим Мунаввар, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд аз номи ҳизбиёни шаҳр кулли бошандагони мактаб-кӯдакистонро бо ин санаи фархунда табрик гуфта, аз ҷумла зикр дошт, ки давлат ва Ҳукумати кишвар барои беҳдошти вазъи иҷтимоӣ ва шароити таълиму тарбияи насли наврас аз тамоми воситаю имкониятҳо истифода мебарад. Барои рушди ҳаматарафаи кўдак ва инкишофи ҷисмониву зеҳнии вай фазои орому озод, муҳити пурмуҳаббат ва эҳсоси ғамхорӣ нисбат ба ў лозим аст. Ояндаи ҷомеа дар дасти кўдакони имрўз аст, ки фардо ба воя расида, ҷомеаро идора мекунанд. Танҳо моро мебояд, ки онҳоро беандоза дӯст дорем, дар рушди камолоти онҳо саҳмгузор бошем ва аз ҳар вақта дида бомасъул бошем.

Чанде аз бошандагони мактаб-интерат бо  қироати шеърҳо дар васфи Ватан- модар хотири аҳли нишастро шод намуданд.

Бо оростани хони идона руҳияи кудакон боз ҳам шод гардид.

Чорабинӣ то дер дар хотири кӯдакон хоҳад монд.