Бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар варзишгоҳи шаҳри Исфара бо иқдоми шӯъбаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара мусобиқаи варзишии ҷумҳуриявӣ аз рӯи намуди варзишии санъати муҳорибаи омехта (ММА) байни наврасон ва ҷавонон доир гардид. Дар ин мусобиқоти бонуфуз варзишгарон аз гӯшаву канори кишвар ҷамъ омада, ҳунар ва маҳорати ҷисмонии худро нишон доданд.  Боиси хушнудист, ки донишҷӯи курси 2, факултаи муҳандисӣ-иқтисодии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, аъзои фаъоли Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» Рашидов Хуршед дар ин мусобиқа хуб баромад намуда, соҳиби ҷойи аввал ва Ифтихорнома гардид. Медал ва ифтихорномаро дар вазъияти тантанавӣ раиси Федератсия  санъати муҳорибаи омехтаи (ММА) Тоҷикистон Назаров Пӯлодҷон ба ӯ супорид.