Бо иқдоми Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Сомон» ва аъзоёни фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и шаҳри Хуҷанд    дар доираи эълон гардидани 1300 рӯзи меҳнати зарбдор ва ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари сокинони касбу кори гуногундошта, устодону донишҷӯён ба шанбегӣ баромада, мавзеҳои ҷудогардида, саҳни донишгоҳ, роҳраву ҷӯйбори назди донишгоҳро аз ҳаргуна алафҳои худрӯю партовҳои гуногун  тоза карданд.

Ҳамчунин устодону донишҷӯён аз 6 факултети донишгоҳ шурӯъ аз Муассисаи давлатии маҷмааи таърихӣ-фарҳангии “Истиқлол” то гардиши микраноҳияи 3-юми шаҳри Хуҷанд канори роҳу ҷӯйбор ва атрофи дарахтони канори роҳро аз алафхои худрӯю дигар партовҳо тозаву озода намуда, саҳмашонро дар тозаву озода нигоҳ доштани муҳити атроф расониданд.  Хасу алафҳои худруй ва партовҳои дигари ҷамъоваришуда нобуд карда шуданд.