Бо шарофати истиқлолият солиёни зиёд аст, ки дар фазои ободу озод зиндагӣ ба сар мебарем. Боиси қаноатмандист, ки дар қатори дигар қишрҳои ҷомеа давлату Ҳукумат ба мо занону ҷавонон таваҷҷуҳи хосса дорад.

Боиси нороҳатист, ки ин ғамхориҳо ва пешравиҳоро баъзе аз нохалафон нодида мегиранд ва ҷомеаро бо амалҳои ношоистаи худ халалдор месозанд.

 Рӯзи 29 июли соли 2018, соати тахминан 14 афроди ношинос бо мошини “Дэу Леганзе”-и рангаш сиёҳ дар минтақаи Себистон дар рӯбарӯи деҳаи Ёхсӯи ноҳияи Данғара дар шоҳроҳи Душанбе – Кӯлоб гуруҳи сайёҳони хориҷии велосипедсаворро пахш кардааанд.

 Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” ва Шӯрои духтарони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд нисбати ин амали ношоиста бетараф набуда, аз ин рафтори ноҷавонмардонаи нохалафон хеле нороҳат аст.

Ҳамаи моро дозим аст, ки дастаҷамъона ба муқобили ҳар гуна ангезахои иғвоҷӯёна мубориза барем ва нагузорем, то дасти нопоки бадхоҳон ба кишвари биҳиштосои мо низ дароз шавад.

Имрӯз дар аксар кишварҳои ҷаҳон аз ин нерӯ - ҷавонони ҳушёру огоҳ баъзан ба манфиат, гоҳе бар зарари миллатҳову давлатҳо истифода мебаранд. Бар зарари мардум истифода шудани ин нерӯи ҳасос танҳо ба шарофати ҷавонони «ноогоҳ» ва «бехабар» аст. Бояд афкори ҷавонон тавре тағийр дода шавад, ки онҳо дар ҷомеа қудрату нерӯ ва тавонмандиҳои худро бештар ҳис кунанд.

Мо,  занону ҷавонони фаъоли Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд аз ҳар вақта дида масъулу ҳушёр ва зирак бояд бошем, то ки пеши роҳи ҷавонони гумроҳро гирем, онҳоро ба роҳи рост ва бунёдкорӣ ҳидоят намоем. Бояд тамоми воситаҳоро барои фаҳмонидани хатогиҳои онҳо истифода барем.

 

 

 

 

ТҶҶ “Созандагони Ватан”

         ва Шӯрои духтарони Кумитаи иҷроияи

ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд