Дар ташкилоти ибтидоии Кумиҷроияи шаҳри Хуҷандии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Беморхонаи клиникавии бачагонаи вилояти Суғд дар асоси аксияи вилоятии «Амалҳои коррупсиониро маҳкум мекунем» бо иштироки кормандони беморхона маҷлиси васеъ баргузор гардид. Раиси ташкилоти ибтидоии ҲХДТ Фаррух Муллоев ба маҷлис ҳусни ифтитоҳ бахшида, ҳозиринро оиди барномаи маҷлис шинос намуд ва суханро ба яке аз фаъолони ҳизб Х.Суннатуллоев дод. Мавсуф дар барои «Барномаи зиддикоррупсионии соҳаи тандурустии вилояти Суғд барои солҳои 2013-2020» баромад намуда, зикр кард, ки коррупсия ин зуҳуроти номатлуби ҷамъиятӣ буда, омӯзиши ҷиддӣ, муносибати махсус, муқобилияти дастаҷамъона ва оперативиро талаб менамояд. Таъсири коррупсия дар раванди рушди иҷтимоию иқтисодӣ, паст кардани сатҳи камбизоатӣ, боварии шаҳрвандон ба даъвати демократии ҳуқуқбунёдро дар миқёси умумимиллӣ талаб мекунад. Инчунин, қайд гардид, ки дар соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон зуҳуротҳои коррупсионӣ мушоҳида мешавад. Ба хусус истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ муайян карда шуд. Дар солҳои охир муздситонии ғайриқонунӣ ва дастгир шуданӣ кормандони соҳаи тандурустӣ ва нисбат ба онҳо боз шудани парвандаҳои ҷиноятӣ боз як далели ҷой доштани падидаи номатлуб ва нанговар дар соҳаи тандурустӣ мебошад. Дар охир баромадкунанда оиди мақсади барнома, вазифаи барнома, ташвиқу тарғиби сиёсати зиддикоррупсионӣ, механизмҳои амалӣ намудани барнома, таъмини молиявии барнома, натиҷаҳои мунтазири барнома сухан ронд ва роҳ надодан ба падидаҳои номатлуб ҳозиринро даъват намуд.