Тибқи нақша чорабинӣ дар ташкилоти ибтидоии Беморхонаи бачагона рӯзи ягонаи ахбори сиёсӣ бахшида ба 26-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

 Зимни баромад ҷонишини раиси ташкилоти ибтидоӣ Ашуров Нуриддин қайд намуд, ки амнияти давлату миллат ҳаёти осоиштаи ҷомеа ва пешрафти тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, тартиботи ҳуқуқӣ, таъмини волоияти пешгириву мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, пеш аз ҳама ба тинҷиву оромӣ ва мустаҳкамии марзу бами кишвар вобаста аст.

  «Артиши Миллии тавоно ҳамон артишест,ки дорои интизоми мустаҳками ҳарбӣ,донишу малакаи комили ҷангӣ ва рӯҳияи баланди ватандӯстӣ бошад.»-мегӯяд Президенти кишвар, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

  Мо тоҷикон, ки давраи вазнину фоҷиабори ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронидем аз дигарон хубтар медонем, ки сулҳу салоҳ ва ормию осоиш чӣ неъмати бузургест. Ба қадри ин неъмат бояд расид ва зиракию ҳушёриро аз даст набояд дод,ба ҳеҷ қуввае имкон надиҳем,ки сулҳу суботи кишвари моро халалдор созад.