Ҷавонӣ манзилест, ки мобайни масофаи кӯдакӣ ва пирӣ воқеӣ шудааст. Айёми салтанату комёбӣ дар он ҷо мегузарад. Ҷавонӣ ситораест, ки танҳо як маротиба дар осмони умр тулӯъ мекунад. Ҷавонон ниҳоли кӯчаке ба ҳисоб мераванд, ки бо сабзидани ин ниҳолҳо ояндаи кишвари мо сарзабзу хуррам мегардад.

       Ягона роҳе, ки ҷовонон миллатро пеш мебаранд ин дониши хуби онҳост. Дар асл дар ҳама кишвару давлатҳо ҷавонон нақши асосиро мебозанд, аз ин рӯ ояндаи ҳамаи кишварҳо ҷавонон ба ҳисоб мераванд.

       Ниёгони мо аз азал таранумгари ахлоқи накӯ буданд. Асарҳои бисёр ибратбахши худро ба мо насли ҷавон ёдгор мондаанд. Аз он ҷумла «Маснавии маънавӣ»-и Мавлавӣ, «Гулистон» ва «Бӯстон»-и Саъдӣ «Кобуснома»-и Кайковус ва даҳҳо шоҳкориҳои ахлоқӣ дастури ибратбахше ҳастанд, ки ба аҳли башар оид ба хислатҳои ҳамидаи  инсонӣ оварда шудааст

         Коста гардидани ахлоқ қисме аз  наврасону ҷавонон, ҷалб гардидани онҳо ба ҳаргуна ҳаракату равияҳои бегона ва ба ҷинояткорӣ даст задани иддае аз онҳо беаҳмиятӣ ва беъмасулиятии падару модарон мебошад. Гарчанде, ки Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» амал мекунанд, то ҳол ба чашм мерасад, ки дар таълиму тарбияи фарзандони худ беаҳмиятӣ зоҳир менамоянд

         Яке аз вазифаҳои асосии давраи наврасӣ ва овони ҷавонӣ аз ташаккулёбии муоширати байниҳамии ҷавонону волидайн, муаллимон ва бо ҳамсолон иборат аст. Дар рафти муносибат намудан алоқаҳои эмотсионалӣ барқарор мешаванд. Бо тағир ёфтани синну сол дар наврасон ва ҷавонон хоҳиши беҳтар бо ҳамсолон муносибат кардан ба вуҷуд меояд.

         Аз рӯи нишондоду далелаҳои ҷиноятӣ маълум мешавад, ки наврасоне, ки дар ягон ҷой таҳсилу кор намекунанд, нисбати наврасони дар мактаб таҳсил мекунанду ё ин ки дар ягон ҷой кор мекунанд 24 маротиба зиёдтар ҷиноят зоҳир мекунад. Яке аз   хусусиятҳои фарқкунандаи сини айёми ҷавонӣ ин ба нақша гирифтани ҳаёти минбаъда ва интихоби касб мебошад. Дар боби 4-уми  Қонуни асосии Ҷумҳурии Тоҷиуистон гуфта шудааст, ки ҷавонписарон ва ҷавондухтарон натанҳо ба меҳнат, инчунин ба интихоби касб машғулияти дилхоҳ корҳое, ки қобилияти тайёрии касбӣ, маълумот ва ба ҳисобгарии талаботи ҷамъиятӣ дошта, ҳуқуқ доранд.  Барои дуруст интихоб намудани касб, ки он ба шавқу ҳавас вобаста аст, ҷиҳатҳои иқтисодии оила, дараҷаи тайёрии таълими ва ҳолати саломатӣ ва ғайраҳо саҳми муҳим мебозад. Зиёда аз 80%-и ҷавонон хатмкунандагони мактабҳои умумӣ хоҳиши дар донишкадаҳои олӣ, ё мактабҳои махсуси касбӣ давом додани таҳсилро доранд.

         Ҳоло дар ҷумҳури талабот ба кадрҳои коргарӣ хеле афзуда истодааст. Барои он ки Тоҷикистон ҷумҳурии аз ҷиҳати иқтисодӣ пурқувват табдил ёбад, лозим аст, вобаста ба талаботи хоҷагии халқ нигоҳ карда, кадрҳои коргар тайёр карда шавад; Тайёр кардани муҳандисон ва коргарон дар соҳаи саноати сабук ва вазнин.

         Инчунин барои ҳаматарафа ба ҳаёт, зиндагии оилавӣ тайёр шудани ҷавонон дар мактабҳои маълумоти умумӣ, омӯзишгоҳи касбӣ-техникӣ, омӯзишгоҳҳои омӯзгорию тиббӣ фаннӣ «Одоби оиладорӣ» ҷорӣ карда шудааст, ки мақсади таълими ин фан имконият медиҳад, ки ҷавонон ба ҳаёти мустақилонаи оилавӣ, ба  вазифаи    заношӯй, падарию модари тайёр шуда, дар бораи оила ва масъалаҳои имрӯзии он шинос мешаванд.

         Бо назардошти саҳми ҷавонон дар рушти ҷомеа ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии  мамлакат бо пешниҳоди Пешвои миллат Эмомали Раҳмон дар зимни Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор доштанд, ки соли 2017 Соли ҷавонон эълон карда шавад. Президенти мамлакат дар ҷараёни Паём таъкид намуданд, ки «Ҳукумати Тоҷикистон ташаббусу пешниҳодҳои созандаи ҷавононро ҳамеша дастгири намуда, барои амалӣ гардидани онҳо имконият фароҳам меорад. Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ҷавобан ба ин ғамхориҳо тамоми саъю талоши хешро ба донишандӯзӣ, интихоби касбу ҳунарҳои муосир, ободиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ, ҳимояи Ватан, рушди илму техника ва бунёдкорӣ равона созанд.                                                                                     

         Тоҳирова Ш.С  Омӯзгори Муассисаи давлатии таълимии

коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи Ю.Б. Исҳоқӣ