Бо мақсади иҷроиши Қарори Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода доири эълон гаштани «300 рӯзи ободонӣ» бахшида ба истиқболи сазовори 25 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободонию сабзкорӣ ва тоза намудани маҳалҳо дар шаҳри Хуҷанд бо маром идома дорад. Имрӯз ҷавонони фаъол, варзишгарон, кормандону мураббиёни муассисаҳои варзишӣ дар аксияи ниҳолшинонӣ ва корхои ободонӣ баҳри бехдошти фазои экологӣ ва рушди туризми экологӣ дар шаҳри Хуҷанд фаъолоа иштирок намуданд. Иштрокдорони ин амали хайру нек дар маҳаллаҳо, муассисаҳои таълимӣ, боғу гулгаштҳо, муассисаҳои варзишӣ тариқи ҳашар дар корҳои ниҳолшинонӣ тоза намудани мавзеҳои фароғатии шаҳр ва ободонӣ саҳм гирифтанд. Назар ба маълумоти Бахши ҷавонон варзиш ва сайёҳии шаҳри Хуҷанд дар ҳашари ҷавонону варзишгарон бештар 500 нафар ширкат намуданд. «Аз аввали мавсими нихолшинонӣ бошад дар ҳудуди муассисаҳои варзишӣ 500 адад дарахтони сояафкану ороишӣ, 350 адад дарахтони мевадиҳанда ва зиёда аз 800 адад гулҳои гуногун шинонида шуданд.»- илова намуд манбаъ. Дар баробари ин дар доираи амалиёти ҷумҳуриявии ҷавонон таҳти унвони “Ин Ватанро мо ҷавонон сабзу хуррам мекунем!” ва қарори Раиси шаҳри Хуҷанд оид ба 300 Рӯзи ободонӣ бахшида ба пешвози 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чанд корҳои ободонию гулпӯш намудани шаҳр пешбинӣ гаштааст.
Шарҳ додан
-
Танзими анъана ва чашну маросимхо2017-07-25 10138
-
Сафи аъзоёни ХХДТ зиёд мешавад2014-09-22 9973
-
Боздид аз ташкилотҳои ибтидоӣ2014-09-11 8102
-
Забони тоҷикӣ- забони шеър ва забони муҳаббат аст2016-10-10 7897
-
Вохӯрӣ дар МТМУ №122016-04-21 7267
-
Хуҷанд: КОНСТИТУТСИЯ - РОҲНАМО ВА ҚУТБНАМОИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ2023-11-03 1130
-
Хуҷанд: АРҶГУЗОРӢ БА ХИЗМАТИ ШОЁНИ СОБИҚАДОРИ ҲХДТ2023-11-01 1164
-
ДОНИШИ СИЁСИИ ҲИЗБИЁН ТАҚВИЯТ ЁФТ2018-06-09 1558
-
Забони миллат- ҳастии миллат2017-10-06 1441
-
ТАРҒИБИ МАЪРИФАТИ ШАҲРВАНДӢ2020-02-08 937
-
САЛОМАТИИ МАРДУМ – ШАРТИ МУҲИМТАРИНИ ПЕШРАФТ2023-01-18 341
Меҳмонон