Дар толори бошукӯҳи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд ба муносибати 10-солагии таъсисёбии Муассисаи таълимии ғайридавлатии «Гимназияи хусусии Ганҷ» бо иштироки меҳмонон, падару модарон ва омӯзгорону шогирдони гимназия чорабинии идона баргузор гардид.

Муассиси гимназия Аълочии маорифи Тоҷикистон Файзуллоҷон Файзиев меҳмонон, устодону шогирдонро хайрамқдам гуфта, ба ин санаи фархунда онҳоро табрик гуфт. Намояндаи раёсати маорифи вилояти Суғд Н. Раҳматов таманниёт ва шодбошиҳои сардори раёсати маорифи вилоятро ба ҷомеаи меҳнатии гимназия баён дошта, ба як қатор омӯзгорони фаъолу эҷодкор ифтихорномаҳо тақдим намуд.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар дар чорабинии мазкур иштирок ва баромад намуд. Зимни суханронӣ раиси кумиҷроия ба муносибати ин санаи фархунда устодону хонандагони Гимназияи «Ганҷ»-ро табрик гуфта, ба китобхонаи гимназия 28 адад китобҳои бадеиро тақдим намуд.

Ёдовар мешавем, ки китобҳои мазкурро Кумитаи иҷроияи ҲХДт дар шаҳри Хуҷанд дар асоси аксияи «Хуштар зи китоб дар ҷаҳон ёре нест» аз ташкилоти ҷамъиятии бачагонаи «Истиқбол» харидарӣ намуда онро ба муассисаҳои таълимии асосӣ ва миёнаи умумӣ ройгон тақдим намуда истодааст.