Дар ҳошияи баргузории Маъракаи Иттилоотии «16 рӯзи мубориза алайҳи зӯроварӣ» дар Хонаи ақди никоҳи шаҳри Хуҷанд мулоқоти ҷавонони навоила- барпокунанда бо табибон, равоншиносон, ҳуқуқшиносон ва мудирони шӯъбаҳои кор бо занони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд баргузор гардид. Иштирокчиёни мулоқот ба ҷавонон дар бораи омӯзонидани анъана. фарҳангу одоб ва маърифати оиладорӣ дар оилаи тоҷик, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба либос ва таомҳои миллӣ, татбиқи тарбияи ифтихори ватандориву ватандӯстӣ ва ҳидояти ҷавонон ба ояндаи ободу осудаи кишвар, амалӣ намудани талаботҳои қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», аз ташхиси тиббӣ гузаштан, оқибатҳои нохуши никоҳи хешутаборӣ, тарзи ташаккули ҳаёти солим, омӯзонидани одоби муошират, банақшагирии буҷаи оилавӣ, расонидани кӯмаки аввалияи тиббӣ, омӯзонидани ҳунари кадбонугӣ ибрози ақида намуданд. Дар навбати худ ҷавонон андешаҳояшонро баён намуданд ва ба саволҳояшон посух гирифтанд.