Дар қисми ҳарбии 0235 – и Раёсати қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бахшида ба 25-умин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Мудири шӯъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар ин ҷамъомад иштирок намуда, тамоми сарбозону афсаронро бо ин санаи фархунда табрику муборакбод намуда, қайд кард, ки Қувваҳои Мусаллаҳ дар тӯли 25 –соли таъсисёбиаш баҳри ҳифзи ҳуқуқ, озодиҳои инсон ва мудофиаи марзу буми кишвар дар давраҳои тақдирсози миллат саҳми арзанда барои соҳибистиқлолии Тоҷикистон гузоштааст ва имрӯз қобилияти таъмини Истиқлолият, якпорчагии хоки Ватан ва оромии ҳаёти осоиштаро дошта, вазифаҳои худро дар таъмини тинҷию осудагӣ ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ содиқона ва софдилона иҷро менамояд.

Дар анҷоми чорабинӣ тӯҳфаҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, ки аз лавозимотҳои варзишӣ иборат буданд ба қисми ҳарбии 0235 тақдим карда шуд.