Санаи 1-уми ноябр дар толори Китобхонаи вилоятӣ даври ниҳоии озмуни вилоятии “Беҳтарин хонандаи китобҳои бадеӣ дар соли 2018” дар ду бахш – мактаббачагон ва донишҷӯён  баргузор гашт. Директори муассисаи мазкур Баҳром Мирсаидов ҳакамони озмунро дар ҳайати зерин: Нуралӣ Нуров –дотсенти кафедраи адабиёти классикии тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров – раиси ҳайати ҳакамон, Баҳром Раҳматов –директори Муассисаи давлатии Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ, шоир ва муҳаққиқ – узви ҳайат, Муҳаббат Ӯрунбоева – муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд узви ҳайат, Ромиз Абдуллоев – сардори Раёсати илм ва инноватсияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, номзади илмҳои филологӣ, дотсент – узви ҳайат ба иштирокчиён озмун шинос намуд. Баъд аз он раиси ҳайати ҳакамон Нуров Нуралӣ бори дигар иштирокчиёнро бо низомнома– шартҳои озмун расман ошно сохт.

Барои шаффоф сурат гирифтани озмун комиссияи ҳисоб низ ташкил карда шуд. Ҳакамон ба ҳар як иштирокчӣ–мактаббача ва донишҷӯ панҷ савол дода, аз рӯйи ҷавобҳои онҳо хол гузоштанд. Холи ҳар як иштирокчиро комиссияи ҳисоб дар дафтари махсус ба қайд гирифтанд.

Аз рӯйи баҳогузории ҳакамон дар бахши хонандагон ҷойи аввалро Ҳошимова Меҳринисо (хонандаи синфи Х, Литсейи физикӣ-математикии №1 ба номи М.Осимӣ, шаҳри Хуҷанд), ҷойи дуюмро Қурбонбоев Ҷамшед (синфи Х, Гимназияи «Кавсар», шаҳри Хуҷанд) ва ҷойи сеюмро Алиқулова Ситора (хонандаи синфи IХ, МТМУ №1, шаҳри Гулистон) соҳиб гашт.

Барои иштироки намунавӣ Султонов Аъзамҷон (хонандаи синфи III Гимназияи №4 шаҳри Хуҷанд), Икромова Нозанин (хонандаи синфи ХI, МТМУ №30, шаҳри Панҷакент), Шарифхоҷаев Бобоҷон (синфи Х, МТМУ №1, шаҳри Истаравшан) барои гирифтани туҳфаҳои ифтихорӣ пешбарӣ шуданд.

Дар бахши донишҷӯён ҷойи аввалро Қодирзода Оростамоҳ (донишҷӯи соли сеюми таҳсили факултаи сиёсатшиносии ДДҲБСТ аз аз н.Мастчоҳ), ҷойи дуюмро Содиқова Парвина (донишҷӯи  соли аввали таҳсили факултаи филологияи тоҷики ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров аз н.Б.Ғафуров), ҷойи сеюмро Ахмедҷонова Ирода (донишҷӯи соли аввали таҳсили факултаи забон ва адабиёти руси ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, аз н.Ҷаббор Расулов) ишғол карданд.

Иштирокчиёни фаъол Иморуддинов Сарфарозиддин (донишҷӯи соли сеюми таҳсили факултаи филологияи тоҷики ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров аз н.Кӯҳистони Мастчоҳ), Зиёева Шаҳноза (донишҷӯи  соли дуюми таҳсили факултаи педагогии ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров аз ш. Истаравшан), Раҳмонова Карима (донишҷӯи  соли сеюми таҳсили факултаи педагогии ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров аз ш. Исфара)  барои гирифтани туҳфаҳои ифтихорӣ аз тарафи ҳайати ҳакамон пешбарӣ шуданд.

Туҳфаҳо ба ғолибону фаъолони озмун рӯзҳои наздик дар маҷлиси тантананавӣ аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд супорида мешавад.