Бо мақсади ташвиқу тарғиби дастовардҳои даврони Истиқлолият, фаҳмонидани ҳадафҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ҷалб намудани аҳолӣ ба корҳои созандагиву ободонӣ вохӯрии намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар бозори «Абдулазиз» ва назди масҷиди Шайх Маслиҳиддин» бо сокинон вохӯрӣ доир намуданд.

Зимни вохӯрӣ намояндагони ҳизб қайд намуданд, ки маҳз бо шарофати ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ, Тоҷикистон ҳамчун қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шуд, дар ҳамин замина, Тоҷикистони тозаистиқлол ҳуқуқу озодии инсон ва шаҳрвандро муқаддас шумурда, соҳибихтиёрии давлатро таъмин намуда, баробарҳуқуқии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф карда, 6 ноябри соли 1994 бо роҳи райъпурсии умумихалқӣ Конститутсияи мамлакатамонро қабул намуд.

Чунончӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фармудаанд: «Истиқлолият муқаддастарину азизтарин неъмати дунё, рукни асосии давлати озод, рамзи шарафу номуси ватандорӣ, кафолати хонаи ободу сари баланд ва нерўи таконбахши ҳаёти ҳаррўзаи мо мебошад»

  Сиёсати имрўзаи Ҳукумати ҷумҳурӣ таҳти роҳбарии Сарвари давлат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба боз ҳам шукуфоии Тоҷикистон нигаронида шудааст, дар навбати худ мо шаҳрвандон, низ ҳамаи ибтикору корнамоиҳои Президенти кишварамонро, ки дар роҳи бунёди давлати ҳуқуқбунёд саҳми беназир гузоштаанд пазироӣ намуда, тамоми қувваи худро баҳри пешрафту шукуфоии кишварамон ба харҷ хоҳем дод.

Дар як навбат сокинон аз тинҷиву осудагии мамалакат шукргузорӣ намуда, барои бартараф намудани баъзе аз камбудиву норасоиҳои дар ҷомеа буда фикру андешаҳои худро баён доштанд.