Бахшида ба «Рӯзи модар» бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Хизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар толори шабакаҳои барқи шаҳр чорабинии идона бо иштироки занони фаъол баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ раиси кумиҷроия Наим Маликисломов занонро табрик намуд ва тӯҳфаҳои хотиравӣ ба иштирокчиён тақдим карда шуд. Инчунин аз ҷониби санъаткорон ба чорабинӣ ҳусни тоза зам гардид.