Санаи 15-уми июл дар Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шахри Хуҷанд мачлиси Раёсати Кумиҷроияи шаҳрӣ баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои зерин мавриди муҳокима қарор гирифтанд: 1.Тибқи барномаи ҲХДТ оиди паст кардани сатҳи муҳоҷирати меҳнатӣ, тавассути фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ дар ташкилоти ибтидоии «Насоҷии Хуҷанд» 2.Ҳисоботи мудири шӯъбаи кор бо ҷавонон оид ба фаъолияти Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» 3.Гузаронидани аттетсатсияи раисони ташкилотҳои ибтидоӣ. 4.Таъсис додани ташкилотҳои ибтидоӣ. 5.Қабул ба сафи аъзогии ҲХДТ. 6.Даъвати маҷлиси Кумиҷроия. Масъалаҳои мазкур баррасӣ шуда, қарорҳои дахлдор қабул карда шуд. Ёдовар шудан зарур аст, ки дар давраи семоҳаи дуюми соли равон 10 адад ташкилотҳои ибтидоии кумиҷроияи шаҳри Хуҷанд зиёд гардиданд. Бояд қайд кард, ки дар натиҷаи ташвиқу тарғиб дар давраи семоҳаи дуюми соли равон 202 нафар аъзо ба сафи узвияти ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд дохил гардиданд ва қарорҳои ташкилотҳои ибтидоӣ оид ба қабули аъзо аз ҷониби аъзоёни Раёсат тасдиқ карда шуд.