Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шукри беҳад, ки туфайли сиёсати хирадмандонаю башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва аҳли зиё, мутафаккирону донишмандон фазои сулҳу осоиш ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ҳукмрон аст, вале падидаҳои даҳшатноку марговари террористии кишварҳои гуногун ба мо низ бетаъсир нахоҳад монд, зеро дар шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ халқи Тоҷикистон ҳам узви ҷудонашавандаи чомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Аз ин нуқтаи назар, гирифтани пеши роҳи ҳама гуна зуҳуроти номатлубу даҳшатовар вазифаи ҳар як шахси поквиҷдону халқпарвар ва ватандӯсту ояндасоз мебошад.

Бояд ҳар яки мо ҷавонон ба худ мақсад гузорем, ки Тоҷикистони азизи худро дар оянда ба қуллаҳои баланд расонем, дар гирди Сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарҷамъ бошем.

Бо ҳамин мақсад вохӯрии намояндагони ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд санаи 12 июни соли 2019 дар гимназияи №1 -и шаҳри Хуҷанд бо хонандагони синфҳои болоӣ оиди вазъи фазои динӣ, пешгирии ҷавонон аз гароиш ба ҷараёну равияҳои бегона баргузор гардид.

Мудири шӯъбаи ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Олимҷон Норматов кайд кард ки, мо бояд давомдиҳанда ба номбардори ояндаи миллати худ бошем, чунки парокандашавӣ ва ноустувор мондани давлат аз худи мо вобаста аст. Мо бояд фахр намоем, ки чунин ватани ободу зебо дорем, бояд сулҳи бегазанди мо солҳои сол то абад пойдор бошад ва ба тамоми оламиён нишон диҳем, ки дар рӯи замин миллати соҳибистиқлолу бофарҳанг мавҷуд аст, ки онро тоҷикон ва давлаташонро Тоҷикистон ном мебаранд.