Дар асоси супориши Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода Муассиаи давлатии чароғонкунии шаҳр таъмиру азнавсозӣ ва насби воситахои равшанидиҳию ва ороиширо дар кӯчаю хиёбон ва маҳаллаҳои шаҳр ба анҷом мерасонад. Вобаста ба супориши зикргардида ва нақшаи корӣ бори аввал қисми кӯчаҳои маҳаллаи «Тиллокон», ки ин вакт сокинони он аз равшан набудани кӯчаҳои ин минтақа шабона душворӣ мекашиданд, 6200 метр хатти барқ кашида шуда, фурузонакҳои диодӣ бо ноқилқуттӣ насб карда шуд. Ҳамчунин кормандону мутахаасисон то имрӯз таъмиру насби 100 дона фурӯзонак ва воситаҳои равшанидиҳандаи кӯпруки асосӣ ва маҳаллаи «Масҷиди савр»-ро бо риояи талаботи мавҷуда ба анҷом расонданд. Лозим ба ёдоварист, ки таъмиру азнавсозӣ ва кашидани хатти барк барои равшан намудани кӯчаҳои маҳаллаҳои Хуҷанд тибқи дархости сокинон ҳангоми мулоқоту вохӯриҳои сокинон бо Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода сурат мегирад. Пешбинӣ шудааст, ки дар баробари чароғонкунии кӯчаю хиёбонҳо кӯчаҳои маҳаллаҳо низ ба воситаҳои равшанидиҳии муосир таъмин карда хоҳанд шуд. Дар оғози ҳафта бошад кормандони ин муассисаи давлатӣ ду бинои баландошёнаи маҳаллаи «Суғдиён», ки дар яке аз кӯчаҳои марказии Хуҷанд мавҷуд аст воситаҳои равшанидиҳандаи ороиширо васлу насб намуданд.