Таърихи сиёсии кишвар ба собит расонда, ки тоҷик ва Тоҷикистон истиқлолиятро асолати милии хеш шинохта, барои ҳифзи он мунтазам саъю талош дорад. Аз ин рӯ, Истиқлолият неъмати ватандории мо ба шумор омада, арзишмандтарин ва нодиртарин падида дар охири қарни ХХ ва аввали қарни XXI эътироф гардидааст.

Пайроҳаи расидан ба истиқлолият шояд дар тасаввури инсон осон намояд, вале ҳаёт ба собит расонд, ки ҳифзу гиромидошти истиқлол аз ҳар як сокини кишвар саъю кӯшиш, ҳиммати воло, маърифати зеҳнӣ ва фарҳанги сиёсии баландро тақозо дорад.

Имсол низ ин ҷашни ҳумоюниро мардуми кишвар ботантана ҷашн хоҳанд гирифт.

Ҳамзамон, ташкилотҳои ибтидоии «Корхонаи истифодабарии роҳҳои шаҳри Хуҷанд», «Таваллудхонаи вилоятӣ», «Автобазаи санитарии ш.Хуҷанд», «Суғдфарматсия» ва «Дармонгохи стоматологии вилояти Суғд» бо дастовардҳои беназир ва шукргузорӣ аз таҳкиму густариши Истиқлол ва Истиқлолият чорабиниҳои фарҳангӣ – оммавӣ доир намуда, ваҳдат ва истиқлоли миллиро муҳимтарин омили ҳастии миллат ва нерӯи созандаву бунёдкор арзёбӣ менамоянд.

«Шароити арзанда барои инкишофи озодона ва роҳандозии потенсиали ҳар як аъзои ҷомеа», - ин аст сиёсати пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат дар ҳама соҳаҳои пешбурди ҳаёти кишвар.