Одамон, ки худ офарандаи таъриханд, дар муносибатҳои байниҳамдигарӣ ва муносибат бо ҳодисаю падидаҳои дигари ҷамъиятию табиӣ мақсади муайянро, асосан фаъолияти худро қарор медиҳанд. Одамон низ қодиранд ба шароити ҳаёти худ таъсир расонанд ва ҳатто самти инкишофи онҳоро тағйир диҳанд. Шахсони зиёде буданд ва ҳастанд, ки ба ҳаёти ҷомеа такони пурзӯре доданд. Бузургии ин гуна одамон дар он аст, ки тавонистанд манфиатҳои умумиро ифода намоянд ва баҳри ҳимояи онҳо кӯшишҳои зиёде ба ҳарҷ диҳанд. Аз ин хотир, оммаи мардум ин гуна одамонро эҳтиром намуда, пешвои худ меноманд.

Чӣ дар замон гузашта ва чӣ дар олами муосир масъалаи пешво ва сарварӣ намудан бо равандҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа диққати аҳли илм ва донишмандонро ҷалб менамуд. Сарварӣ, ки яке аз воситаҳои муҳимтарини танзими муносибатҳои байнихамдигарии одамон, гурӯҳҳи иҷтимоӣ ва умуман, ҳаёти ҷамъиятӣ мебошад, мавриди ва таҳқиқи соҳаҳои гуногуни илмҳои ҷомеашиносӣ қарор гирифтааст.ба омӯзиши масъалаҳои сарварӣ сиёсатшиносӣ, сотсиология, фалсафа, психология, геополитика ва ғайра машғуланд.

Мафҳуми «сарвари сиёсӣ» дар худ хосиятҳои гуногунро таҷассум менамояд. Сарвари сиёсй фаъолияти давлат ва ҳамаи унсурҳои муҳими он, ҳизбҳои сиёсӣ, созмонҳои иҷтитмоӣ ва тамоми навъҳои иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, гурӯҳҳи иҷтимоӣ, этникӣ, иҷтимоию демографӣ ва ғ., ки дар фаъолияти худ хосияти сиёсй пайдо мекунанд, муттаҳид мегардонад ва ба самти муайян равона месозад. Равандҳо ва мунсибатҳои ҷамъиятӣ, тарзи ҳукмрони муносибатҳои сиёсӣ, ҳолати мушаххасу таърихӣ ва талаботу манфиатҳои умумиятҳои гуногуни таркиби ҷомеа навъҳои муайяни сарвариро пеш мегузорад.

Масъалаи сарвар ва сарварӣ аз замонҳои қадим диққати мутафаккиронро ба худ ҷалб намудааст. Арасту низ ба масъалаи сарварӣ диққати махсус дадааст. Ӯ дар асари машҳураш «Сиёсат» сохтори давлатии мамлакатҳои зиёдеро тавсиф менамояд. Ба моҳият ва хусусиятҳои давлат, аломатҳо ва мақомоти махсуси онҳо назар намуда, нақши одамони давлатӣ ва ҳарбиро дар мадди аввал мегузорад. Абӯнасри Форобӣ дар бораи бунёди ҷомеаи идеалии «мадинаи фозила» сухан ронда, андешаҳои сиёсиашро баррасӣ намудааст. Дар саромади «мадинаи фозила» подшоҳон истодаанд. Подшоҳ, ки худ донишманд ва хирадманд аст, аҳли ҷомеаро аз паси худ мебарад. Низомулмулк дар «Сиёсатнома» дар бораи сарварӣ андеша намуда, онро ба пояи баландтар мебардорад. Имом Ғазолӣ ба подшоҳигарӣ хосияти илоҳӣ мебахшад. Дар бораи таркиби ҷомеа ибрози андеша менамояд. Назарияи «хоса ва омма»-ро ҷонибдор буда, онро ба таври ба худ хоса тафсир намудааст. Ба сифати баргузидагони ҷомеа пайғамбарон ва подшоҳон амао менамоянд. Подшоҳ мақоми фавқулодда дорад. Одамон ба подшоҳ, ки «сояи ҳайбати худост бар рӯи замин» дар итоати бечунучаро бошанд. Шаккокӣ ба подшоҳ ва норозигӣ аз ӯ номумкин аст.

Дар таърихи  инсоният ҳамон миллат бурд кардааст, ки тақдир бар вай  шахсиятҳои бузург эҳдо намудааст то чун оҳанрабо  халқу миллаташро  дар  атрофаш  муттаҳид кунад ва дар сарзаминаш ба созандагӣ машғул бошад ва сарҳадоташро аз ҳуҷуми душман эмин дорад. Саҳифаҳои рангин  ва рӯзгори равшани  миллати мо  дар арсаи таърих  бо номи  шарофатманди Исмоили Сомонӣ, ки  дар даст шамшер ва дар сина  оташи  фурeзон аз нури ҳикмату маърифат дошт, алоқаманд буда дар бунёди давлати маънавиасосу  фарҳангоро ва миллӣ  нақши муассир ва беназир бозидааст.

Соҳибдавлат ва соҳибистиқлол шудани Тоҷикистон дар ибтидо ва интиҳои қарни ХХ  ба халқи азияткашидаи тоҷик даст дод, аз ҳама  таҷрибаву дастовардҳои аҷдодии бузурги хеш сабақ биомeхтаву панд бигирад ва пояҳои давлати ҷадиди хешро рӯи ҳамин анъаноту суннатҳои  нахустини давлати абарқудрати миллии худ  устувору пойдор гардонад. Вале Тоҷикистони соҳибистиқлолро дар ибтидои солҳои 90-уми асри ХХ  дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ва  давлатдорӣ бӯҳрони шадиде фаро гирифт.  Мамлакат ба ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуда хатари маҳв шудан ва аз харитаи ҷаҳон  нест гардидани  Тоҷикистон ҳақиқати воқеӣ гардид.  Дар чунин лаҳзаи ҳассос барои миллати тоҷик бар эътибори давраҳои  сарнавиштсози таърихи фоҷиабораш  сарваре лозим буд, ки  воқеан миллӣ бошад ва барои  сулҳу ваҳдат ҷони худро дареғ надорад. Шахсе лозим буд, ки   манфиатҳои миллаташро аз манфиатҳои қавму маҳаллу минтақа болотар донад. Иҷлосияи  ХУ1 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи ноябри соли 1992 дар  шаҳри Хуҷанд аз ҷониби нерӯҳои солимфикри ҷомеа  баргузор гардид имконият дод, ки Тоҷикистон соҳиби ҳукумати қонунӣ гардад ва тоҷикон роҳбари  хешро интихоб намоянд.  Ва ин шахс  Эмомалӣ Раҳмон буд. Бори аввал дар таърихи Тоҷикистон  шахсе  ба маснади давлат  баромад, ки воқеан миллӣ ва аз  миёни мардуми заҳматкаш буд ва аз орзуву ормон ва дарди миллат воқиф буд.  Ва ҳоло баъди гузаштани  қариб 23 сол ва ақиб мондани  он саҳифаҳои  пурдоғу  дард медонем, ки  Эмомалӣ Раҳмон  он вақт ҷонашро ба гарави сулҳ монда аз минбари иҷлосия ба ҳайси сардори  тозаинтихоби давлати тоҷикон  гуфта буд: «Ё ман  дар Тоҷикистон сулҳро барқарор мекунам, ё дар ин роҳ ҷони худро медиҳам». Аз он давраи ҳассос  ва тақдирсоз, ки Эмомалӣ Раҳмон сарварии ҷомеаро ба ӯҳда дорад, бо равшанӣ маълум гашт, ки ӯ дар сиёсат аз  истеъдоди фитрӣ ва аз  сифатҳои муҳими  сиёсатмадори барҷаста бархӯрдор аст. Садоқат ба халқу Ватан, сабру бурдборӣ, эҳсоси дарки авзоъ ва  ташхиси  иллатҳои он  ва истеъдоди интихоби тадбирҳои  муфиду муассир ба вуҷуд овардани  ваҳдати миллӣ, ягонагӣ ва дӯстию  бародарии кулли  афроди Тоҷикистонро ҳадафи тамоми  умри хеш қарор додааст. Эмомалӣ  Раҳмон  хуб медонист, ки  барои  мардуми азияткашидаи Тоҷикистон  алҳол беҳтарин ва бебаҳотарин сарват сулҳ аст. Ва аз рӯзҳои  аввали ба мақоми сардори давлат  интихоб шуданаш роҳи ҳалли ихтилоф дар ҷомеа ва ба вуҷуд овардани сулҳу салоҳ дар мамлакатро дар машварат ва гуфтушуниди мусолиҳатомези ҳукумати Тоҷикистон ва мухолифин медид ва барои амалӣ кардани ин нақша шахсан саъю талош меварзид.  Ин нуқта дар  муроҷиатномаи ӯ  «Ба халқи шарифи Тоҷикистон» аз 12 декабри соли 1992  хеле хуб зикр ёфтааст: « ман ба ҳар яки Шумо дар давраи барои  Ватан хеле душвор муроҷиат карда, ба ақлу заковати Шумо, ки ворисони   фарзандони барӯманди тоҷик ҳастед бовар мекунам. Ман қасам ёд мекунам, ки  тамоми донишу  таҷрибаамро  барои дар ҳар хона ва ҳар оила  барқарор шудани сулҳ равона карда, барои  гул-гулшукуфии  Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам. Чунки ман ба ояндаи  неки ватанам  ва ҳаёти  хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам».  (Раҳмонов Э.Ш.  «Чаҳор соли истиқлолият ва худшиносӣ» 1995, с.6)

Ба тавсиб расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар шаҳри Москва аз 27 июни соли 1997 марҳилаи басо душвор вале тақдирсози таърихи навини Тоҷикистон буд. Ва Президент Эмомалӣ Раҳмон ба қавли худ, ки  дар Иҷлосияи ХУ1-уми Шӯрои Олӣ ба мардуми мамлакат дода буд,  бо сарбаландӣ вафо кард. Сулҳ омили муҳимтарин ва самарабахштарин ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон гардид.

Бо  дарки худшиносиву худогоҳӣ ва эҳсосу ҳиссиёти беандоза  метавон борҳо ёдовар шуд, ки воқеан ҳам  ба хушбахтии халқи тоҷик  ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта ба арсаи сиёсат абармарде қадам гузошт, ки тақдирсози халқи тоҷик, сабабгори мавҷудияти халқи тоҷик  ва ҷилавгири бақои давлати тоҷик буд. Ӯро барҳақ «Кабӯтари сулҳ», «Ташаббускори иқдомҳои байналхалқии беҳбудии вазъи инсоният дар дурнамои  рушди   инқилоби илму техника ва натоиҷи он»  меноманд. Ин абармард Эмомали Раҳмон мебошад, ки чун шафақи сулҳ дар зулмоти ҷанги шадиди дохилӣ, душмании оштинопазир,  бадгумониҳои тарафайн, кинаву адовати бепоён дурахшида, тавонист, ки сулҳу ваҳдатро ба вуҷуд оварад,  фирориёнро  аз мамолики гуногун сарҷамъ созад. Корномоиҳои  ин абармард  дар бобати рушди иқтисодии  кишвар:  чун сохтмони  роҳҳои барои пайваст шудани  манотиқи гуногуни мамлакат ва баромадан ба баҳрҳои  гарми  мамдакатҳои серсарвати Шарқ, оғози сохтмони неругоҳҳои пуриқтидор  ва дигар иқдомоти созандаи ӯ аз ҳеч кас пӯшида нест.  Корнамоии ӯро  дар радифи Раиси Ҷумҳури ИМА Франклин Делано Рузвелт ва сарвазири Англия Уинстон Черчилл, Сарвари собиқи СССР Иосиф Сталин гузоштан мумкин аст, ки мамлакаташонро аз бӯҳрони шадиди иқтисодии дохилӣ раҳонида, аз хатари  таҷовузи Германияи фашистӣ наҷот доданд.

Эмомалӣ Раҳмон ба ғайр аз шахси ташкилотчию дипломати  моҳир буданаш, инчунин чун роҳбари дурандешу дурбин  дар ваҳдати тоҷикон, бедор намудани  хештаншиносӣ, ғурури ифтихори миллиашон  чанд иқтомодро пеш гузошт. Ӯ халқи тоҷикро дар атрофи ғояҳои  бузурги асили миллӣ муттаҳид намуда ба сӯи бунёди ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёд ва  шаҳрвандӣ равона кард.

Дар марҳилаи нави бунёди давлати Тоҷикистон тақдири баланд ба миллати кӯҳандиёри тоҷик дар симои шахсияти беназири таърихӣ – Президент Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомали Раҳмон олитарин сифатҳои адолати инсонӣ, бузургдилию шуҷоат, раҳму шафқат ва қобилияти нотакрори ваҳдатофарию мардумгароиро ато кард ва маҳз ҳамин ҳамоҳангӣ ҷомеаи моро имрӯз ба сатҳи баланди хештаншиносӣ расонид.

Дарҳақиқат Сарвари давлати мо пешвои расмии миллат мебошад.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - пешвои миллат» тақдирсоз маҳсуб меёбад.  Ин қонун шаҳрвандонро ба ватандӯстиву садоқат ҳидоят менамояд ва арҷгузорӣ ба хизматҳои шоистаи абармарди дилсӯзи Ватан - Эмомалӣ Раҳмон мебошад. 

Равшан Усанов,

номзади илмҳои фалсафа, дотсенти

ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров