Дар муассисаи таълимии мактаб барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд бо иштироки устодон, сокинони маҳаллаи Темурмалик ва Тиллокон мулоқот ҷиҳат фаҳмонидани нуктаҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

Чорабиниро раиси кумитаи маҳаллаи Темурмалик Илёс Хоҷаев ҳусни ифтитоҳ бахшида, баён дошт, ки дар остонаи соли нави милодӣ ироа шудани Паёми Сарвари давлат натиҷагирӣ аз фаъолияти ҳафтсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Сарвари давлат дар баробари таҳлили вазъи соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар баён доштанд, ки татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” барои баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишварамон мусоидат намуд.

Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7 фоиз таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 45,6 миллиард сомонӣ ба 78 миллиард афзоиш ёфт.

Дар ин давра ҳаҷми умумии даромади буҷет қариб ду баробар афзуда, аз 12 миллиард сомонии соли 2013 ба 23 миллиард сомонӣ баробар шуд.

Тайи солҳои зикршуда даромади пулии аҳолӣ беш аз ду баробар ва музди меҳнати миёнаи як корманд 2,4 баробар афзоиш пайдо кард.

Сатҳи камбизоатӣ ба 27,5 фоиз паст шуда, дарозумрии миёнаи шаҳрвандон то 75 сол боло рафт.

Сармуҳаррири нашрияи “Шафақ”-и кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Абдусабур Абдуваҳҳобов дар баромадаш қайд кард, ки Сарвари давлат зимни таҳлили тамоми самтҳои хоҷагии  халқ  аз баланд шудани вазъи иҷтимоӣ, сатҳи некӯаҳволии халқ ва зиёд шудани давомнокии умр, инчунин коҳиш ёфтани фавти кӯдак изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Пешвои муаззами миллат аз дастовардҳои соҳаҳои энергетика, роҳу нақлиёт ёдовар шуда, зикр намуданд, ки дар баробари рушди босуръати нерӯгоҳи барқии обии «Роғун» ҳамчунин таҷдиду азнавбарқароркунии дигар нерӯгоҳҳо амсоли «Қайроққум»-у «Норак» Ҳукумати Ҷумҳурӣ кӯшишҳои зиёд ба харҷ медиҳад.

Роҳбари давлат аз саховатмандию ифтихори баланди соҳибкорону саховатмандон ёдовар шуда, саҳми онҳоро дар пешбурди соҳаҳои маориф, тандурустӣ, пешрафти иҷтимоиёт ва маънавиёт нек арзёбӣ намуданд.

Дар ин росто ҳамчунин қайд шуд, ки давоми чанд соли охир ба 1 миллиону 400 ҳазор оилаҳои кишвар қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ  дода шуд.  Президент аз сокинони кишвар даъват ба амал оварданд, ки мутобиқ ба талаботҳои меъёрҳо хонаҳояшонро бунёд намоянд, то иншоотҳо даҳсолаҳо ба ояндагон хизмат намояд.

Сарвари давлат махсусан баланд бардоштани ифтихори миллӣ, рӯ ба китобу китобхонӣ овардани ҷавонон, ҳимояи покии забонро  тақозо карданд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ таъкид шуд, ки бандҳои Паём миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа паҳн ва таблиғ карда шавад.