Дар асоси супоришу вазифагузориҳои Кумитаи иҷроияи Марказӣ ва Кумитаи иҷрояи вилоятии ҲХДТ санаи 17 04 2020 бо ташаббуси кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд барои раисон ва кормандони масъули кумиҷроия  ва ташкилотҳои ибтидоӣ  семинари амалӣ – омӯзишӣ доир гардид.

Мақсад аз ташкили ин чорабинӣ ба низом даровардани ҳуҷҷатнигорӣ ва коргузорӣ дар фаъолияти ҳизбӣ  буда, дар он наздик ба 50 нафар иштирок намуданд. Семинар дар сатҳи баланди омодагию ташкилӣ дар толори маҷлисгоҳи Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб ҷараён гирифт.

Раиси кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар ба чорабинӣ ҳусни ифтитоҳ бахшида, иштирокчиёнро бо мақсад ва ҳадафҳои он шинос намуд. Таъкид сохт, ки дар фаъолияти ҳизбӣ ҳуҷҷатнигорӣ ва коргузорӣ мавқеи муҳим дорад. Ба кори мо аксар вақт маҳз аз рӯи тартиби омодасозии ҳуҷҷатҳо ва тарзи нигоҳдории онҳо баҳо медиҳанд. Итминон дорем, ки ташкил ва баргузор намудани чорабинии имрӯза дар самти танзими ин самти фаъолият таккони ҷиддӣ мешавад.

Дар рафти семинар зимни баёни андешаҳои худ раиси кумиҷроя вобаста ба баъзе масъалаҳо фикри иштирокчиёнро пурсон шуда, ҳамчунин барои баланд гардидани қобилияту малакаи кории онҳо дастуру маслиҳатҳои судманд дод. Таъкид дошт, ки кормандони масъули дастгоҳи кумиҷроияи шаҳрии ҳизб ҳамеша омодаи кӯмакрасонӣ ба кумиҷроия ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ҳастанд.

Дар асоси нақшаи кори Кумитаи иҷрояи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд чунин семинарҳои амалӣ – омӯзишӣ минбаъд низ давра ба давра гузаронида, раисон ва кормандони масъули ҳаммаи  кумиҷроия ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ бо омӯзиш фаро гирифта мешаванд.