Ҷашни Наврўзи ҳуҷастапай имсол ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо маросими кушодашавии Осорхонаи таърихии донишгоҳ дар тарҳи ҷадид оғоз гардида, тамоми собиқадорон, олимону мутахассисон, меҳмонону ҳунармандон ва устодону донишҷўёнро ба майдони наврўзии саҳни бинои 1-и таълимӣ ба ҳам овард.

Дар ин чорабинӣ Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар ширкат варзид.

Нахуст дар маросими кушодашавии осорхонаи таърихии донишгоҳ намояндаи МИҲД вилоят, мудири Шўъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилояти Суғд Тоҷибой Султонӣ  ба сухан баромада ҳозиринро аз номи Раиси вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ба Наврўзи ҷаҳонӣ табрик намуд.

Сипас, ректори донишгоҳ профессор Ҷамшед Ҷўразода вобаста ба маросими таҷдиди осорхона сухан гуфта, моҳияти онро ҳамчун рамзи эҳтиром ба таъриху анъанаҳои донишгоҳӣ, пайванди наслҳо, хотираи неки созандагону пешбарандагони ин боргоҳи маърифат – сафинаи маориф арзёбӣ намуд.

Дар идомаи ин маросим устодони собиқадор Набиев В.М., Саидов Ҳ.Р., Абдуқодиров А., Матлубаи Мирзоюнус ва дигарон суханронӣ намуда, аз ин иқдом изҳори миннатдорӣ ва истиқболи хуб намуданд.

Баъдан, аҳли раёсат бо ҳамроҳии собиқадорон ва меҳмонон аз растаҳои наврўзӣ, ки аз ҷониби факултетҳо ва кафедраҳои уиуидонишгоҳӣ вобаста ба хусусиятҳои ҷашни Иди наврўз дар минтақаҳои ҷумҳурӣ ороста шуда буданд, дидан намуданд.

Қайд карда шуд, ки дастурхони идона, намоиши фарҳанги либоспўшии миллӣ ва қироати фолклори маҳаллӣ ҳуснбахши чорабинӣ маҳсуб меёбад.

Пас аз сухани табрикии намояндаи МИҲД-и вилоят ва ректори донишгоҳ Ҷамшед Ҷўразода суханронӣ намуда, ба барномаи наврўзии донишгоҳ ҳусни оғоз бахшид.