Боиси сарфарозӣ ва тафохури мо, ҷавонони саодатманди кишвар аст, ки бо ташаббус ва иқдоми хирадмандонаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд семинари омӯзишӣ барои «Мактаби бозомӯзии захираи кадрӣ» - ро ба тариқи силсилалексияҳо дар мавзӯҳои мухталифи илмӣ-амалӣ роҳандозӣ намуданд. Аз ин лиҳоз, санаи 7 ноябр семинари мазкур дар атрофи ду мавзӯи мубрам «Нақши маориф дар таълиму тарбияи насли наврас» ва «Забони модарӣ пок ва муқаддас аст» доир гардид, ки барои мо – тахассусмандҳои ҷавон хеле судманд буд. Хосатан, мавзӯи «Забони модарӣ пок ва муқаддас аст», ки аз тарафи мудири шӯъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд матраҳ гардид, хеле саривақтӣ ва пурмӯҳтаво буд, зеро дар ҳақиқат забон рукни асосии давлатдорӣ, ҳастии миллат ва асолат ва рисолати ҳар ҳалқ ба шумор меояд.

Бояд қайд кард, ки соҳиби забон будан миллатро ба сарбаландиву хушбахтӣ мерасонад. Миллате, ки забон надорад, худро муаррифӣ карда наметавонад. Забон дар паноҳи давлат ва давлат дар паноҳи забон қарор дорад. Аз ин рӯ, поку муқаддас нигоҳ доштани забон рисолати аслии ҳар шаҳрванд маҳсуб меёбад.

Дар ҳақиқат, ба ақидаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бидуни забон ва илму маориф рушди кишвар тасаввурнопазир аст. Ҳифзи забони модарӣ, поку беолоиш нигоҳ доштани ин ганҷинаи бебаҳо вазифаи шаҳрвандӣ ва фардии ҳар як мунавварфикр аст, зеро «Ифтихор аз Ватан, ифтихор аз таъриху фарҳанг, ифтихор аз ҳуввияти миллӣ ва гузаштагони сарбаланди хеш маҳз аз поку беолоиш нигоҳ доштани забони модарӣ сар мешавад.»