Пешвойи миллате будан осон нест ва ин мақоми арзандаи Инсони шоён аст. Халқро раҳнамо будан мароми аслии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, розу нози ҳамватанро рӯзу шаб бардоштан хоси фардоне чун Президенти кишвар, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Ҷавонони саодатманди кишвар имрӯз ҷашни фархунда доранд – Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон!

Аз номи Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан»-и Кумитаи иҷрояи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ҷавонони кишварро бо ин ҷашни ҳумоюнӣ – Рӯзи Президенти кишвар шодбод мегӯем.

Орзуманди он ҳастем, ки ҳамеша сиҳату саломат, хушнуду баофият ва сарбаланду соҳибмуваффақият бимонед!