Табақаи  ниёзманди аҳолӣ зери таваҷҷўҳи  ҳамешагии Ҳукумати мамлакат  қарор гирифта, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ин қишри ҷомеаро зери назорату ҳимояи худ қарор додаанд. Дар ҳар иду айём барои ниёзмандон ва ятимону бепарасторон кӯмакҳои пуливу молӣ тақдим карда мешавад.

Дар ин замина, имрӯз ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон,раиси КИИ ХХДТ Сомон, профессор Муъмин Шарифзода ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯз ба 16 нафар донишҷӯёни эҳтиёҷманд кӯмаки пулӣ ба ҳаҷми 200 сомонӣ тақдим кард. Сарвари донишгоҳ  донишҷӯёнро ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯз табрик намуда, афзуд, ки ҳеҷгоҳ худро танҳо эҳсос накунед, давлату Ҳукумати мамлакат, махсусан Президенти кишвар нисбати шумо таваҷӯҳи хоса доранд.

Донишҷӯён низ аз кӯмаку дастгириҳои ҳамешагии Сарвари давлат ва роҳбарияти донишгоҳ изҳори хушҳолӣ намуда, ваъда доданд, ки таҳсилашонро бо баҳои хубу аъло ба итмом расонида, дар рушду нумўи кишвари худ хизмат хоҳанд кард.