Об як мӯьҷизаи парвардигор,

                                                            Ҳаст дунёро зи ӯ нақшу нигор

                                                            Об ҳаст ободии давру замон,

                                                           Ҷои ободӣ шавад доим макон

                                                           Тозагӣ, озодогӣ бошад зи об

                                                           Гулистону бӯстон нозад зи об.

   Оре, об манбаи ҳастии ҳамаи мавҷудоти олам ҳаст. об захираи бузургест, ки воқеияти он ҷаҳону зиндагиро таровати зебоӣ ва сарсабзиву озодагӣ мебахшад. Ҳастии гулу гиёҳ, ҳайвоноту наботот, растаниву инсоният, хоса зиндагии осоиштаву ободӣ ва озодагиву пурбаракатӣ ҳама ба об вобастагӣ дорад. Обро инсон барои нӯшидан, пухтани хӯрок, шустушӯй, сохтани манзил, тозагии кӯчаҳо, обёрии заминҳо истифода мебарад. Оби шаршарадор турбинаҳоро ба ҳаракат дароварда, ҷараёни электрикӣ ҳосил мекунад. Бо қувваи оби зиёд чархи санги осиёб, дастакҳои обҷувоз ҳаракат мекунанд. Кори ягон соҳаи саноат бе об пеш намеравад. Дар фабрикаву заводҳо обро барои таайёр кардани маҳлули рангҳо, оҳар додани матоъ, коркарди пӯст, тайёр кардани қоғаз, собун, нонпазӣ, нӯшокиҳои гуногун истифода мебаранд.

  Инсон  бе об зиндагӣ карда наметавонад. Ҳатто қисмати зиёди вазни бадани инсоният аз об иборат аст. Инсон дар тамоми лаҳзаҳои ҳаёташ аз об истифода мебарад. Об одамро аз ифлосию нопокӣ, аз бемориву дардҳо эмин мегардонад.

 Об сабзавоту наботот ва ҳайвонотро, ки инсон ҳамеша бо онҳо сарукор дорад, манбаи асосист. Ҳатто нами замин аз об аст, ки бе он  ягон растанӣ ва гулӯ гиёҳ  намерӯяд.

 Мо тоҷикистониён аз сероб будани сарзамини бузургамон бояд ҳамеша бифахрем. Тоҷикистон аз захираи об бой буда, қариб 7000 пирях, 155 кули гуногунҳаҷм, даҳҳо ҳазор чашмаоби оддию маъданӣ ва обанборҳои зиёд дорад. Ин маҳзи бузург, ки одамро асос аст, об аст. Бе об зиндагӣ пойдор буда наметавонад. Аз қадимулайём дар китобҳои динӣ низ об чун манбаи асосии ҳаёт дониста мешавад.

   Чор унсур дар ҳаёт муқаддасанд; об, хок, оташ, бод, ки тамоми мавҷудоти олам ба онҳо эҳтиёҷ доранд.

   Модоме, ки асоси зиндагии ҳамаи мавҷудоти олам обро медонем, пас вазифадорем, ин махзи бузургро чун асоси ҳастӣ чароғи равшандиҳанда, созгори дунёи ҳастӣ эҳтиром намоем, тозаву озода нигоҳ дорем, нагузорем, ки нохалафе ин мӯҷизоти бузургро ифлос гардонад, ба он партовҳо партояд ё ягон амали носазое нисбати он раво бинад, зеро:

                                               Зи ҷӯе, ки хурдӣ аз он оби пок,

                                               Набояд фикандан дар он сангу хок.

Тоза нигоҳ доштани об ва муқаддас шумурдани он, қимат донистани ҳар қатраи ин мӯҷъҷизаи бузург қарзи ҳар як инсони асил аст, зеро об на танҳо ҳамчун манбаи ободӣ, балки маҳзи нуру рӯшноӣ ва маҳсули шодиҳои олами ҳастист.

 

 

Маҳфуза Раҳимова

омӯзгори муассисаи давлатии

 таълимии Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд,

 

Комилбоева Гулчеҳра

донишҷӯи бахши 1 ихтисоси

кори умумитиббӣ