Субҳи дирӯз сокинони ҳудуди ҳавзаи интихоботии «Бофанда 2»-и шаҳри Хуҷанд бо ҳадафи райъ додан ба номзади арзандаи худ ба участкаҳои овоздиҳӣ ҳозир шуданд.

Аз табъи мардум дарёфтан мумкин буд, ки эшон дар ин маъракаи сиёсӣ бо амри дил ва бо истифода аз ҳуқуқҳои конститутсионии хеш фаъолнокӣ зоҳир намуданд.

Тибқи иттилоъи масъулини  ҳавзаи интихоботии «Бофанда 2» дар ҳудуди ҳавза 10 участкаҳои интихоботӣ фаъол буда, онҳо дар Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №2, 6, 12, 15, 17,18, биноҳои филологияи тоҷики ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Иттифоқи касабаи вилоят, литсейи касбӣ-техникӣ ҷойгир гардида, маҳаллаҳои «Бофанда», «Шарқ», «Тути калон», «Хуҷанд», «Чорчароғ», «Содирхон Ҳофиз»-и шаҳр Хуҷандро дарбар мегирад. Шумораи умумии райъдиҳандагони ин ҳавза 16 ҳазору 897 нафар буд.

Интихобот соати 6:00 оғоз гардида то соати 20:00 идома ёфт.

Бояд қайд намуд, ки дар ҳавзаи интихоботии «Бофанда №2»-и шаҳри Хуҷанд  2 нафар номзад ба вакилии маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, яъне Маъруф Муҳаммадзода, Раиси шаҳри Хуҷанд, аз ҲХДТ ва Ҷаббор Юлдошев аз ҲДТ ба қайд гирифта шуда буданд.

Ҳамин тавр, тибқи иттилои Шарифуллоҳ Абдуллозода, раиси комиссияи вилоятии интихобот дар маъракаи интихобот 13 449 нафар ширкат намуда, аз онҳо ба Маъруф Муҳаммадзода 10 939 нафар райъи худро доданд, ки 81, 3 фисади овозҳоро ташкил медиҳад. Ба ҳамин тартиб дар ҳавзаи интихоботии «Бофанда» №2 номзади ҲХДТ Маъруф Муҳаммадзода ба ҳайси вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд бо бартарии овозҳои зиёд ғолибият ба даст овард.

Ёдовар мешавем, ки дар асоси қарори Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз 26 –уми декабри соли 2017 таҳти №265 «Дар бораи пеш аз мӯҳлат қатъ намудани ваколати вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд дар ҳавзаи интихоботии «Бофанда 2»»  интихоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд дар ҳавзаи интихоботии «Бофанда 2»-и шаҳри Хуҷанд сурат гирифт.

 

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд