Тибқи нақша-чорабиниҳои шӯъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд ва дар мувофиқа бо раиси кумиҷроия гурӯҳи «Шафқат», ки аз 15 нафар ҷавонони фаъол, аъзоёни Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» иборат мебошанд ва дар Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд таҳсил мекунанд, рӯзи шанбе 4 нафар шахсони яккаву танҳо ва барҷомондагону беморонро, ки истиқоматкунандагони маҳаллаҳои «Ҷаббор Расулов», «Содирҳон Ҳофиз», «Сари Баландӣ» ва «Қорираҳмат Қурбонов» ҳастан аёдат намуда, хонаҳои онҳоро рубучин намуданд.

Инчунин, гурӯҳи мазкур  вазъи саломатии аёдатшудагонро аз муоинаи профилактикӣ гузарониданд.

Бояд ёдовар шуд, ки чунин иқдоми ҷавонон минбаъд низ дар шаҳри Хуҷанд идома меёбад.