Даври ниҳоии озмуни «Омӯзгори сол-2016» дар шаҳри Хуҷанд дар мактаби №5 баргузор гардид. Дар даври мактабии озмун 150 нафар омӯзгорони соҳибтаҷриба иштирок карда, ба давраи дуввум 33 нафар роҳхат гирифтанд. Баъди гузаронидани машғулиятҳои таълимӣ ба даври якум 11 нафар ва ба даври ниҳоии озмун 3 нафар беҳтарин муаллимони шаҳри Хуҷанд: Наима Раҳматова, Санавбар Назарова ва Машҳура Қодирова  сазовори роҳхат гаштанд. Шартҳои озмун иборат аз муаррифии машғулиятҳои амалӣ ва методикаи таълим, пурсиш ба саволҳои санадҳои ҳуқуқи меъёрӣ ва фанҳои таълимӣ буда, ҳайати ҳакамон ба фаъолияти ҳар як довталаб баҳои арзанда ва сазовор доданд. Дар натиҷа Наима Раҳматова, омӯзгори фанни химияи мактаби №20 сазовори мақоми аввал ва ғолиби озмуни «Омӯзгори сол-2016» дар шаҳри Хуҷанд гардид.

Ба иштирокчиён ва ғолиби озмун дар вазъияти тантанавӣ сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.