Бо мақсади фаҳмондадиҳии мазмун ва мӯҳтавои Паёми Сарвари давлат Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муассисаи давлатии таълимии Литсейи касбии политехникии шаҳри Хуҷанд бо иштироки аъзоёни ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии «Касб» вохӯрӣ баргузор гардид. Дар ҷамъомад аъзои гурӯҳи ташвиқотию тарғиботии Кумитаи иҷроияи Хизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ҷонишини директори Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Гулчеҳра Аҳророва ва мутахассиси шӯъбаи тарбияи ҳамин донишкада Матлуба Ашрапова иштирок намуда, оиди баррасии таъкидҳои асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон ва наврасон дар Паёми навбатӣ, ки санаи 20-уми январи соли 2016 баргузор гардида буд, суханронӣ карданд. Дар суханронии худ Гулчеҳра Аҳророва оиди самтҳои Паёми навбатии Пешвои миллат ба наврасон ва ҷавонон дар омӯзиши касбҳо, забонҳо ва дар раванди касбомӯзии худ аз донишҳои дақиқи муосир истифода намудани мутахассисонро муфассал шарҳ дод. Номбурда қайд намуд, ки дар ҳар Паёми худ Пешвои миллат таъкидан ба ҷавонон оиди қудратмандӣ, тараққиёт ва ояндаи дурахшони Ватанамон – Тоҷикистони азиз маҳз аз ҷавонони лаёқатманд ва донандаи донишҳои муосир вобаста медонанд. Хамзамон дар ҷамъомад директори Литсей, Раиси ташкилоти ибтидоии «Касб»-и Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Маҷид Наимов ва ҷонишини раиси ташкилоти ибтидоӣ Алиҷон Ашӯров оиди дар сатҳи зарурӣ омӯхтани касбҳо, ҷавобгӯи бозори дохилӣ ва хориҷии бозори меҳнат омӯхтани мутахассисон, шомил нашудан ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ ва инчунин омӯзиши ҳунарҳои халқӣ баромад намуданд. Хонандагон аз суханрониҳо ва таҳлилу фаҳмонидадиҳии моҳияту мафҳумҳои дар Паёми Пешвои миллат баёнгардида ба худ таассуроти зиёдеро гирифтанд. Ҷамъомад дар рӯҳияи Ватанпарастӣ ва созандагӣ ҷамъбаст гардид.