Кафолати давлатии ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ки аз Конститутсия бармеояд, муқаррар намудааст, ки ҳама дар назди қонун ва суд баробаранд. Давлат барои ҳар як шаҳрванд хуқуқу  озодиҳоро кафолат медиҳад ва барои истифодабарӣ аз ҳуқуқу озодиҳои шахсӣ ба ҳар як шаҳрванд шароит муҳайё месозад.

Дар зинаи кунунии инкишофи давлат ва давлатдорӣ падидаи ҳимояи судии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи хос дорад. Зеро ҳокимияти судии босалоҳият, мустақил ва самаранок кафили пешравии муносибатҳои ҷамъиятӣ мебошад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳамчун давлати ҳуқуқбунёду демократӣ дар давоми 28 соли Истиқлолият дар заминаи Конститутсия ҷорӣ намудани принсипҳои таҷзияи ҳокимиятро эълон намуда, барои гузаронидани ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар мамлакат шароити воқеиро  фароҳам сохт. Қабул ва гузаронидани чор барномаҳои муҳими ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ  дар давоми 28 соли Истиқлолияти давлатӣ дар таъмини арзиши олӣ доштани ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии давлат нақши муҳими ҳуқуқӣ дорад.

Мақсади Барномаҳои ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои боз ҳам демократӣ гардонидани мурофиаи судӣ буда, дар  заминаи Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон баробарии ҳамаи иштирокчиёни мурофиаро дар зинаҳои судӣ таъмин менамояд. Ин шохаи ҳокимияти давлатӣ  имрўзҳо мустақил буда, аз номи давлат адолати судиро амалӣ мегардонад ва нақши муҳимро дар ҳифзи ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолат мебозад.

Ислоҳоти судӣ ва ташаккули низоми ҳуқуқӣ дар мамлакат барои баланд бардоштани кафолати ҳимояи ҳуқуқи шахсият, васеъ намудани имконияти судии манфиатҳои шаҳрвандон, барқарор кардани адолати иҷтимоӣ дар ҷамъият, ки баробарҳуқуқии ҳамаи шаҳрвандони  мамлакатро дар назди қонун ва  суд таъмин менамояд, равона шудааст. Ин ислоҳоти  судӣ-ҳуқуқӣ дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо назардошти хусусияти хоси давлати ҳуқуқбунёду демократӣ, анъанаҳои таърихӣ, хусусиятҳои фарҳангӣ, миллӣ  анҷом дода шудааст.

Бояд қайд, ки инкишофи ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон муносибатҳои нав ба нави ҳуқуқиро ба миён овардааст, ки аз ҷумла муроҷиати шаҳрвандон ба суд оид ба ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои худ сол то сол бештар гардидаст, ки ин худ аз амалишавии принсипҳои давлати демократӣ шаҳодат медиҳад.

Назорати судӣ дар соҳаи идоракунии давлатӣ фаъолияти мақомоти судӣ буда, мақсади ҳифз намудани ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, сохтори конститутсионӣ ва ба таъмин намудани низоми қонуният равона карда шудааст. Моҳияти умумӣ доштани принсипи конститутсионии ҳимояи судии ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон дар он аст, ки вай дар қатори шаклҳои ҳуқуқ ҳимоякунӣ, тартиби ба суд шикоят овардан аз болои санади қабул кардаи мақомоти ҳокимияти давлатӣ, амал (беамалии) ғайриқонунии шахси мансабдор ё хизматчии давлатӣ, ки ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро вайрон менамояд ва ё таҳдиди вайрон кардан дорад, муайян менамояд.

Оиди фаъолияти ҳуқуқэҷодкунии аҳолӣ бояд қайд кард, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ  аз  30 майи соли 2017  халқи Тоҷикистон дар баробари  мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, шахсони мансабдор, ҳуқуқи амалӣ намудани фаъолияти ҳуқуқэҷодкуниро тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ доранд, яъне  субъектони ҳуқуқэҷодкунанда эътироф шудаанд. Қабул шудани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби халқ, яъне бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ, ки муносибатҳои муҳимтарини ҷамъиятиро ба танзим медарорад, ин худ нишонаи давлати демократӣ мебошад.  Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки халқ бевосита дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ фаъолона  иштирок менамояд.

Ҳамаи нуктаҳои дар боло оварда шуда, нисбати ҳокимияти судӣ дар Тоҷикистон гувоҳ аз он медиҳад, ки дар ҷомеаи мо адолати судӣ риоя мегардад. Дар раванди судӣ ва баровардани ҳукми одилонаи судӣ ба суд касе ва ё мақомоте таъсир расонида наметавонад. Лек имрӯз аз хориҷи мамлакат истода, бархе аз хоинони миллат ба мисли Раиси Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар Ҳамоиши САҲА низоми судии давлати моро танқид менамояд. Онҳо пеш аз танқид беасос карданд, аввал Конститутсия ва қонунҳои ҷории моро мутолиа ва аз он бардошт кунанд.

Раҳматова З.М. – н.и.ҳ., сармуаллимаи

кафедраи ҳуқуқи  конститутсионии ДДҲБСТ

аъзои фаъоли ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд