Ин навбат барномаи “Набзи зиндагӣ”-и радиои “Шаҳри ман”, ки бо иштироки мудирони шуъбаҳои кор бо ҷавонон ва занони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд доир гардид, ба корномаҳои бемисли Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида шуд. Ёдкарди хизматҳои шоёни Сарвари давлат ба ифтихори Рӯзи  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фоли нек буда, дар баромади Эҳсон Исоев, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони кумиҷроия зикр шуд, ки мардуми шарифи Тоҷикистонро ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи кулли ҷавонони фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳру Хуҷанд табрику таҳният мегӯям. Расидан ба рӯзҳои саодат ба шарофати заҳматҳои мушкилнописанди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба даст омад. Шахсияти инсонию маънавӣ ва роҳбарии сарвари созандаи мардум, Ҷанобои Олӣ  Эмомалӣ Раҳмон ба мисли офтоби тобони бахт мебошад, ки 28 сол инҷониб ба хонадони ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ гармӣ ва нуру рӯшноӣ мебахшад.

Заррина Манонова, мудири шуъбаи кор бо занон дар номаи табрикотӣ баён намуд, ки имрӯз ҷамъият занро дар мақоми боз ҳам болотар мавқеъ мебахшад. Беҳуда нест, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақвияти мақоми занонро дар ҷомеа вазифаи аввалиндараҷаи аҳли ҷамъият арзёбӣ кардаанд. Воқеан ҳам зан қувваи бузург аст. Дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодию фарҳангӣ ва дар оила мақоми махсус доштани зан нишонаи ҳамин бузургист. Зани тоҷик дар ҳама давру замон як қувваи бузург, омили пешбарандаи ҷомеа буд, ҳаст ва мемонад.

Зимни саволу ҷавоб  дар бораи саҳми Сарвари миллат дар баланд бардоштани маънавиёти ҷомеа сухан гуфта шуд.

Ин барнома тайи се рӯз дар ҳудуди вилоят пахш гардида, дар шинохти чеҳраи мондагори таърихӣ миёни аҳли ҷомеа саҳме гузошт.