Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон, ки соли равон бори нахуст таҷлил гардид, Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар асоси нақшаҳои қаблан тарҳрезишуда якчанд чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ, варзишию сиёсиро дар ташкилотҳои ибтидоӣ ва корхонаву муассисаҳо доир намуд.

Мавриди зикр аст, ки  бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд тасмим гирифт, ки  дар қисми низомии 35-01 бо афсарону аскарон вохӯрии судманд доир намуда, дастурхони идона барои онҳо ташкил намояд.

Дастурхони идона бо ҳамаи нозу неъмат ороста шуда ҳайати шахсии қисми низомии 35-01 гирди он ҷамъ омада, шукрони тинҷию осоиштагӣ ва серию пурии кишвари азизамонро карданд. Аз чеҳраҳои бошандагони ин қисми низомӣ айён буд, ки онҳо ҳамеша омоданд барои амнияти марзу бум синаи худро сипар намоянд.  Онҳо хушҳолона  дуо мекарданд, ки ҳамеша давлатамон тинҷу ором бошаду Сарвари маҳбубамон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доимо соябони сарашон бошанд.

Инчунин дар ин чорабинӣ бо ҷалби аъзоёни ҷавони ҳизб, донишҷӯёни факултети санъати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба хотири болидагии табъи афсарону аскарон  барномаи рангини консертӣ пешкаши ҳозирин карда шуд.  

Дар чорабинӣ бахшида ба ин рӯзи таърихӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломов ба афсарону сарбозон аз далерию мардонагӣ ва аз сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён дошта, сарбозонро ба мардию далерӣ ҳидоят намуд. Қайд кард, ки бо шарофати сиёсати дурандешона ва хирадмадандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари маҳбуби мо дар ҷаҳон муаррифӣ гашта, имрӯз чун кишвари дорои тамаддун ва арзишҳои бой эътибор пайдо кардааст.

Раиси Кумиҷроия аз номи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ва Раиси шаҳри Хуҷанд ҳамаи ҳайати шахсиро ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфт. Ва аз аскарони далеру шуҷои Ватан даъват ба амал овард, ки минбаъд низ бо амали шоиставу гайрати дучанд пайи ҳифзи ҳар як ваҷаби хоки диёр бошанд.

Ёдовар бояд шуд, ки чунин чорабинии хотирмон дар арафаи Наврӯзи имсола низ дар ин қисми низомӣ доир шуда буд.