Дар толори маҷлисгоҳи Раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конфронси илмӣ-амалии умумидонишгоҳӣ бахшида ба солгарди қабули Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Нақши Конститутсия дар таҳкими давлатдории навин» бо иштироки васеъи устодону донишҷӯён баргузор гардид, ки дар он раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломов иштирок ва баромад намуда, аҳли устодону донишҷӯёни ин боргоҳи маърифатро ба ифтихори ин ҷашнвора табрику муборакбод намуд ва дар вазъияти тантанавӣ ба якчанд аъзоёни нав ба сафи ҲХДТ қабулгардида шаҳодатномаҳои ҳизбиро супорид.