Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба «Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон» баҳри болидахотирии афсарону сарбозони Раёсати қушунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ дар вилояти Суғд санаи 21.05.2015 соати 17:00 барномаи фарҳангиро бо иштироки санъаткорон баргузор намуд. Дар ифтитоҳи чорабинӣ раиси Кумиҷроияи шаҳрӣ Наим Маликисломов ҳамаи афсарону сарбозонро ба муносибати таҷлили «Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон» табрику муборакбод гуфта, барои хизматҳои шоёнашон дар ҷодаи ҳимояи Ватан миннатдорӣ баён намуд.