Дар арафаи таҷлили Рӯзи Модар дар маҳаллаи қорӣ Раҳмат Қурбонов маҳфили «Модарам хушбахтиям» бо иштироки беш аз 45 нафар занони фаъоли маҳалла доир гардид.

Хайринисо Темирова, аъзои фаъоли ҲХДТ, устоди Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар мавзӯи «Осудагии оила аз муносибату муоширати хушдоман вобаста аст» гузориш дода, зикр намуд, ки яке аз омилҳои асосии фурӯпошии оилаҳо агар аз як тараф омода набудани ҷавонон ба оиладорӣ бошад, аз ҷониби дигар фарҳанги пасти муошират ва ба арӯси хонадон чун хизматгор муносибат кардани хушдоманҳо мебошад. Маҳз дар сатҳи паст қарор доштани мафкураи оиладорӣ сади роҳи хушбаҳтии оилаҳо мегардад.

Дар идомаи чорабинӣ саҳначаҳо аз рӯзгори оилаву оиладорӣ пешкаши аҳли нишаст гардонда шуд.

 

Маркази иттилоот ва таҳлили

КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд