Сипарӣ шудани боз як соли бобарор.   

Татбиқи чорабиниҳои «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 -2020» дар раванди расидан ба ҳадафи олии мо, яьне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Дар тамоми соҳаҳои хоҷагии кишвари маҳбубамон талошу заҳмат ва ташаббусҳои беназир аз тарафи Ҳукумати Тоҷикистон дастгириву пуштибонӣ ёфта, маҷрои орому ободу фархундаи зиндагӣ насиб гашта. Ин ва дигар нуктаҳои моҳиятан зарур ва ҳадафманди Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар “Шабакаҳои барқи шаҳри Хуҷанд”, бо ҷалби кормандони шабакаҳои барқ, Маркази Точикстандарти вилояти Суғд  ва сокинони кумитаи маҳаллаи  “Хуҷанд” бо иштироки муовини Вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Камолзода, узви Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саодат Аминҷонова, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Фируза Нуруллозода ва намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Зеварой Бобоева мавриди баррасӣ ва ҳамовозии кулл қарор гирифт.