Таҳти ин унвон дар маҷлисгоҳи бинои №2-и Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дарси кушоди тарбиявӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Чорабинӣ бо садо додани суруди миллӣ оғоз шуд. Дар чорабини мудири бахши занони КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Мадина Салимзода, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломӣ, ретори донишгоҳ, профессор Муъмин Шарифзода ва декани факултети бизнес ва идоракунӣ Соҳибназар Ашӯров иштирок ва баромад карданд.

Зимни суханронии меҳмонони чорабинӣ қайд шуд, ки баробари истиқлолият Худованд ба халқи мо роҳбареро насиб гардонид, ки бо кирдору амалҳои некаш тавонист мардуми парешонро муттаҳид, дар кишвар сулҳу ваҳдатро пойдор ва ба ҷанги бемантиқ хотима диҳанд. Дар натиҷаи заҳмату талошҳои Сарвари давлат ва Пешвои миллатамон дар тӯли солҳои гузашта тамоми рукнҳои давлатдорӣ барқарор шуда, сулҳ ва ваҳдати комили миллӣ пойдор, рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ таъмин, худшуносиву худогоҳӣ таҳким, ҳисси ватандӯстии тамоми табақаҳои ҷомеа афзуд. Ба ҳамаи ин дастовардҳои беназир мо тавассути роҳбарии оқилонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, хиради халқи сулҳпарвар, меҳнатдӯсту соҳибмаърифатамон ноил шудем.

Дар идома, ҳамчунин раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломӣ афзуд, ки Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввал ҳамчун Сарвари давлат таҳкими сулҳ, озодии сиёсӣ, ташкили Қувваҳои Мусаллаҳи миллӣ, ҳифзи сарҳадро ҳамчун вазифаҳои аввалини ҳукумати нав муайян кард. Барои иҷрои ин мақсадҳо ӯ тадбирҳое андешид, ки дар таҷрибаи ягон давлати дунё дида нашуда буд. Барои ҳамин муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барҳақ меъмори сулҳу истиқлолияти давлати миллии мо меҳисобанд. Маҳз тавассути заҳматҳои ӯ тамоми рукнҳои фалаҷшудаи ҳокимияти давлатӣ аз нав барқарор шуда, чун шохаҳои бузурги идоракунии хоҷагии халқ ба фаъолият пардохтанд.

Дарси кушоди тарбиявӣ бо мақсади арҷгузорӣ ба заҳмату меҳнати содиқонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба халқу Ватан ва дар ин рӯҳия тарбия намудани ҷавонону донишҷӯён маънидод карда шуд. Дар интиҳо ба чанде аз донишҷӯён дафтарчаҳои ҳизбӣ ва ба меҳмонони чорабинӣ туҳфаҳои рамзии раёсати донишгоҳ тақдим карда шуд.

Ҳамчунин, дар ин рӯз дар чандин синфхонаҳои факултетҳои донишгоҳ чорабиниҳои тарбиявиву мизҳои мудаввар бахшида ба Рӯзи Президент ташкилу баргузор карда шуд. Зимни чорабиниҳо донишҷӯён перомуни кору фаъолияти мондагори Асосгузори сулҳу ваҳҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маърӯзаҳо ироа карда, инчунин шеъру гуфторҳо қироат намуданд. Эътимод карда шуд, ки кормандони соҳаи маориф, ҷавонони бо ору номуси кишвар ва донишҷӯён бо Ватани соҳибистиқлол, бо Сарвари маҳбуб ва Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтихор карда, бо меҳнати ҳалол, хониши аълову интизоми намунавӣ дар рушду нумуъ ва шукуфоии Ватани азиз саҳм хоҳанд гузошт.