Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар  шаҳри Хуҷанд тибқи барқияи  № 90  аз 07 октябри соли равон  корбарӣ намуда, барои аз нав хурӯҷ наёфтани бемории сироятии COVID-19 ба корҳои тарғиботӣ вусъат бахшиданд.  Дар кӯчаҳои шаҳр  бо усули “кӯча ба кӯча” ва  “хона ба хона” бо сокинон  оиди масъалаи пешгирии бемории сироятии коронавирус сӯҳбат намуда,   риоя қоидаҳои гигиенаи шахсӣ, истифодаи маҳлулҳои безараргардонӣ, риояи масофаи иҷтимоӣ ва ҳангоми пайдо шудани нишонаҳои беморӣ ҳатман ба духтури оилавӣ муроҷиат карданро тавсия доданд.

Инчунин ба сокинон муроҷиатномаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд тақсим карда шуд