Нигоҳи баробар

Ҳар сол бо мақсади арҷгузорӣ ба меҳнати шоистаи маъюбон, дастгирии ҳаматарафаи шахсони дорои имконияташон маҳдуд санаи 8  июл дар кишварамон Рӯзи маъюбон ботантана таҷлил карда мешавад.

Ба муносибати ин сана дар боғи фарҳангию фароғатии “Наврӯзгоҳ”-и шаҳри Хуҷанд бо дастгирии ташкилоти ҷамъиятии “Маъбаи меҳр”  бо ҷалби кӯдакони имконияташон маҳдуди ташкилти ибтидоии “Марворид” чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид. Ба ҷузъ он, ки кӯдакон дар ҳавои созу суруд раксиданду бозиданд, ҳамчунин кӯдакони  соҳибистеъдод маҳорати худро ба аҳли ҳозирин нишон доданд.

Бо мақсади хотирмон гузаштани чорабинӣ ҳамчунин кӯдакон ройгон ба бозиҳо, аттраксионҳо ҷалб карда шуданд.