Имрӯз дар ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар беморхонаи бачагонаи шаҳри Хуҷанд вохӯрии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломов бо кормандони беморхона баргузор гардид. Дар вохӯрӣ раиси кумиҷроияи шаҳрӣ доир ба самтҳои муҳими Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сухан ронда, зикр кард, ки тамоми кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ барои боз ҳам беҳтару хубтар ба роҳ мондани сифати хизматрасонӣ бояд кӯшиш ба харҷ диҳанд Ҳар як нуктаи Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои кормандони соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар роҳнамоест, ки бояд барои иҷрои он шабонарӯзӣ софдилона меҳнат кард. Дар Паёми имсолаи Роҳбари давлат, чун солҳои пешин дастоварду камбудиҳои ҳама соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат натиҷагирӣ шуда, вазифаҳо ва самтҳои асосии тараққиёти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ барои соли равон муайян гардиданд. Ҳадафи олии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъмини шароити зиндагии шоиста барои ҳар як сокини мамлакат, баланд бардоштани дараҷаи некӯаҳволии мардум нигаронида шудааст. Паём дар воқеъ рӯҳбаландкунанда буда, роҳи рушду нумӯи соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи кишварро ба сӯи фардои дурахшон мунаввар месозад. Дар охири мулоқот ба 23 нафар шахсоне, ки барои дохил шудан ба узвияти ҲХДТ ариза пешниҳод намуда буданд, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.