Меҳрубон будан ва дасти мадад дароз намудан аз арзишҳои воло ва меъёрҳои муҳими ахлоқӣ ба шумор мераванд ва дар тӯли таърих ва рушди ҳаёти инсонӣ ин мафҳумҳо мунтазам мавриди ташфиқу тафсиф қарор мегиранд.

Хештаншиносӣ ва худогоҳӣ, ки аз меҳру шафоқат ба якдигар оғоз мегардад, чун василаи такомули инсонӣ ва расидан ба арҷи фардияту шахсият, ҳамчун нуктаи эътидоми  камолёбии инсон маҳсуб ёфта, ҷавҳари аслии Паёмҳои Пешвои миллат Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – ро ташкил медиҳад. Аз ин маҳз, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд чун анъана имрӯзҳо аёдати собиқадорони меҳнат, беморон, барҷомондагон, бепарастонро роҳандозӣ менамояд.

Тошматова Самарнисои 90 – сола истиқоматкунандаи шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Репин, ҳавлии рақами 38 аз ташаббусҳои созанда ва башардӯстонаи  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сипосгузор буда, даст ба дуо таманно дорад, ки Тоҷикистони биҳиштосо ҳамеша ободу зебо, сабзу хуррам бимонад!