Бо мақсади тарбияи насли наврасу ҷавонон, эҳёи анъанаҳои миллӣ ва арҷгузорӣ ба фарҳангӣ тамаддунофари халқи тоҷик ба воситаи синамо ва тибқи дастуру супоришоти Кумитаи иҷроияи Марказию Вилоятии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон санаи 5 майи соли 2017  дар «Кохи Рўдакӣ»-и шаҳри Хуҷанд намоиши филми ҳунарии «Асрори хуфта» ва вохўрӣ бо ҳайати эҷодии он баргузор гардид, ки дар он Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар ширкат дошта, ба аҳли эҷодии филми ҳунарӣ барои ташкили намоиш изҳори миннатдорӣ кард ва ба ҳайати эҷодӣ меҳрнома ва тўҳфаҳои хотиравиро тақдим намуд.

Ба тамошои намоиши филми ҳунарӣ аъзоёни ҲХДТ, ки дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии шаҳри Хуҷанд кору фаъолият доранд, ҷалб карда шуданд.

Бояд зикр намуд, ки як қисми маблағи ҷамъомадаи чиптаҳои намоиш аз ҷониби Ассосиатсияи ҳамкорӣ ба рушди Тоҷикистон ба кўмак ва дастгирии ятимону маъюбон, ашхоси мўҳтоҷу бепапастор равона карда мешавад.