Дар иҷлосияи Кумитаи Мероси Ҷаҳонии ЮНЕСКО, ки аз 25-уми июл то 3-юми августи соли 2010 дар Бразилия идома дошт, ёдгории таърихии Саразм, воыеъ дар шаҳри Панҷакент ба Феҳристи Мероси Ҷаҳонии Кумитаи омӯзиш ва фарҳангии Созмони Милали Муттаҳид (ЮНЕСКО) ворид карда шуд.

Маҷмааи бостонии Саразм нахустин макони дорои аҳамияти таърихию фарҳангии Тоҷикистон аст, ки ба Феҳристи Мероси Ҷаҳонии ЮНЕСКО шомил шудааст.

Боиси зикр аст, ки саҳм ва хизматҳои шоистаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ҳифзу ободонии ёдгориҳои бостоншиносии кишвари тоҷикон, махсусан, шаҳраки қадимаи Саразми Панҷакент ва ба ҷаҳониён муаррифӣ намудани онҳо хеле назаррас мебошад.

Маҳз дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон моҳи сентябри соли равон 5- ҳазору 500 - солагии Саразми бостонӣ ҷашн гирифта мешавад.

Рӯзи ягонаи ахбор, ки санаи 15-уми июли соли равон бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд таҳти унвони “5500-СОЛАГИИ САРАЗМИ БОСТОН -  ҚАДИМА БУДАНИ МИЛЛАТИ ТОҶИК”  ҷараён гирифт, ба ҳамин ҳодисаи нодири таърихӣ бахшида шуд.

Ахборотчиён дар ҳамаи кумиҷроия ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ҳудуди шаҳр аъзоёну фаъолон ва алоыамандони ҳизбро бо таърихи пурифтихор ва рангини ин мавзеи бостонӣ шинос намуданд.

Баррасии чунин мавзӯъҳои дар рафти рӯзи ягонаи ахбор ба баланд гардидани ҳисси худшиносию худогоҳии миллии аҳли ҷомеа ҳамаҷониба мусоидат хоҳад кард.