Боиси ифтихор аст, ки сафи аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд рӯз ба рӯзу моҳ ба моҳ меафзояд ва ин ҷонибдории мардумро новобоста ба синну сол, аз сиёсати хирадмандонаю созандаи Президенти мамлакат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон шаҳодад медиҳад. Санаи 13 марти соли 2015 дар Кумитаи иҷроияи шаҳрии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз ҷониби Раиси кумиҷроия Наим Маликисломов ба яке аз шахси лаёқатманд, Ғаниева Судобахон Раҳмоновна, ки чанде пеш оид ба дохил шудан ба узвияти ҲХДТ бо аризаи шахсии худ муроҷиат намуда буд, шаҳодатномаи ҲХДТ супорида шуд. Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломов нисбати пешбурди кор ва фаъолияти ҳизб фикру ақидаҳои худро иброз намуда, барои амалӣ намудани барномаи ҲХДТ, корҳои фаҳмондадиҳӣ, ташвиқотию тарғиботӣ аз ҷониби Судобахон Ғаниева муваффақиятҳо орзу намуд.