Поси абармардони фарзона аз фарҳанги волои миллат гувоҳӣ медиҳад.

Фарҳанг ҳастии миллат аст. Миллатро маҳз фарзандони адабпарвараш побарҷо нигоҳ медорад ва ба оламиён муаррифӣ месозад. Аз зумраи чунин афрод Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи адабӣ – давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев маҳсуб меёбад, ки умри хешро дар роҳи заҳматталаби носирӣ сарф намуда, осори гаронбаҳои адабӣ ба мерос гузаштааст.

Конфронси илмӣ – амалӣ таҳти унвони «Адиби сермаҳсул» ба ифтихори 90 – солагии нависандаи зиндаёд Фазлиддин Муҳаммадиев дар ташкилоти ибтидоии «Исмат Алихонов» бо иштироки адибони давр – Маъруфи Бобоҷониён, Анвар Олим, Матлубаи Ёрмирзо, намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, ки хеле хотирмон буд.

Намоиши осори нависанда Фазлиддин Муҳаммадиев, қироати намунаҳои осори ӯ ҷолибу шуниданӣ буд.

«Асарҳои психологии нависандаи болаёқат Фазлиддин Муҳаммадиев «Даъво», «Варта», «Марги усто – Оқил», «Сози Мунаввар», «Дар он дунё», «Палатаи кунҷакӣ», «Шоҳии япон» имрӯз низ аҳамияти илмӣ – адабӣ, тарбиявӣ – ахлоқии хешро гум накардаанд. Маҳз ба туфайли осори нависанда метавон насли наврасро, ки машъалбардорони ояндаи миллатанд, дар рӯҳияи хештаншиносӣ, меҳанпарастӣ, хислатҳои ҳамидаи инсонӣ тарбият кард,» - мегӯяд дар баромади хеш мудири шӯъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Бобоева Зеварой Субҳоновна, -  Поси хотири нобиғагони миллат яке аз ҳадафҳои калидӣ ва меҳварии сиёсати хирадмандонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сарвари Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб меёбад.»