Дар байни мардуми мо мақоле ҳаст, ки боғи ҳасадхӯр сабз намешавад. Бале, ҳақ бар ҷониби гӯяндагон.

Биёед, ба сари мақсад оем. Овардани ин мақоли мардумӣ бечиз нест. Вақтҳои охир аз расонаҳои иттилоотӣ огаҳӣ дорем, ки чанд тан ҳамватанони мо, аз ҳамватан гуфтан ҳам забон намегардад, дар кишварҳои хориҷа сукунат дошта нисбати ҷумҳурии азизамон ва халқи осоишта тухми кинаву адоватро кишт карданӣ мешаванд. Нафрату адовати хешро нисбат ба давлату ҳукумат раво дида ин сиёҳдилон бадгӯӣ мекунанд. Аз дуриҳо баландовозӣ кардан чӣ ҳоҷат? Беҳуда нагуфтаанд: «Ошат ҳалол бошад, дар кӯча бихӯр» ва ё «Майдон аз далер аст». Аз ин гуфтаҳо ҳадаф он аст, ки ҳар касе, ки дили бузург дорад, тарсончакӣ ӯро таҳдид намекунад, дили поку виҷдони тоза дошта бошад, ба ҷойи иғво андохтан дар ватан истода айбро рӯ ба рӯ гӯяд. Тоҷикистон ва мардуми ин сарзамини тинҷу оромро ба муноқиша рӯ ба рӯ накунанд. Дӯст он аст, ки айбро рӯ ба рӯ гӯяд, на мӯ ба мӯ. Тӯҳмат, айбҷӯӣ, иғвогарӣ аз хислати бадтарини инсонӣ аст, ки ягон нафарро ба мурод намерасонад. Шояд ҳар афроде, ки дур аз Тоҷикистонанду имрӯз халқи азизи мо, ки ба дастовардҳои баланд соҳиб гаштаанд, дидаву шунида ба ҳоли мурғи посӯхта афтодаанд ва айбҷӯӣ мекунанд? Ҳамдигарро ба иғво меандозанд? Бадгӯӣ мекунанд? Чаро онҳо ба маънии аслии вожаи террорист ва экстремист аҳамият зоҳир намекунанд? Аслан ба ақидаи банда, нишонаҳои экстремизм адовати сиёсӣ, наҷодӣ, миллӣ, динӣ, маҳалгароӣ аст.

Маълумотҳои тавассути расонаҳои иттилоотии интернетӣ, рӯзномаю маҷаллаҳо ва садою синамо мо аҳли ҷомеаро бори дигар ҳушдор месозад, ки дар раванди зиндагии осоишта зиракию ҳушёриро аз даст надиҳем. Чунки масъалаи ташвишоваре, ки муҳити солими ҷомеаи моро халалдор мекунад ва амнияти миллии Тоҷикистони азизамонро хатар эҷод мекунонад, бетарафӣ будан ба ин зуҳурот аст. Ҳол он ки имрӯз тамоми ҷомеаи башариро зуҳуроти номатлуби терроризм ва эктремизм ба ташвиш овардааст.

Мусаллам аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар Паём ва баромадҳояшон таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба ин масъалаи ташвишовари ҷомеа ҷалб намуда борҳо таъкид менамоянд, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад. Ҳар нафароне, ки шомили ин падидаи номатлуб гаштааст, бехабар будан аз оқибати ин падида аст. Зеро терроризм барои одамон хатари маргро ба миён меорад. Ин гуна амалҳо бехатарии ҷамъиятро ҷонибдор нестанд. Танҳо тарсондани аҳолӣ, зулму зӯровариро реша рононда ба дараҷаи ифродгароӣ бурдан аст.

Мо, аҳли зиёро зарур аст, ки маҷрои ҷаҳонишавии ин падидаро бигирем. Масъулияту истиқлолияти худро на танҳо дар гуфтору ситоишу парастиш, балки дар ҳама соҳаҳо таҳким бубахшем. Бепарвоиро аз худ дур намуда, масъулияти баланди сиёсиро ба дараҷаи аввал гузорем. Ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносӣ, худогоҳӣ, созандагӣ тарбия намуда ба ҳифзу ҳимояи Истиқлолияти миллӣ саҳмгузор бошем.

 

Хуршеда Наҷмиддинова,

узви иттифоқи журналистони Тоҷикистон